Кормандони МТС атрофи масъалаи дурнамои амнияти минтақавӣ ва ҷойгоҳи амнияти миллӣ таҳқиқот гузарониданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳое мебошанд, ки соли равон кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба онҳо корҳои илмию таҳқиқотӣ гузарониданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли равон дар Марказ доир ба масъалаҳои дурнамои амнияти минтақавӣ ва ҷойгоҳи амнияти миллӣ дар он, стратегияи сармоягузорӣ дар таъмини рушди мамлакат, омилҳои таъмини амнияти миллӣ дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва дурнамои он, стратегияи идоракунии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагириҳои миёндаврӣ аз татбиқи амалии он, Стратегияи рушди соҳибкорӣ–асоси фаъолияти босуботи иқтисодиёти кишвар ва самтҳои асосӣ (стратегӣ), вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди амнияти иҷтимоии мамлакат барои солҳои 2021–2025 таҳқиқот гузаронида мешавад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки Марказ бо сабаби густариши пандемияи COVID–19 чорабиниҳои илмию амалии худро пурра ва сари вақт гузаронида натавонист, танҳо дар вебмашварати корӣ доир ба омодагӣ ба баргузории нишасти сеюми форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ бахшида ба солгарди қабули Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ду маротиба ба таври онлайнӣ фаъолона ширкат варзид. Аз ин рӯ, дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ на камтар аз 25 чорабинии илмию амалӣ баргузор гарданд.
Бо дахли ҳамкории Марказ бо пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии ҷаҳон Хуршед Зиёӣ афзуд, ки Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/, Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази дипломатияи боздоранда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш дод. Зикр шуд, ки Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад. Ҳамзамон Марказ бо як қатор марказҳои таҳлилии давлатҳои хориҷӣ, назири марказҳои таҳлилии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Полша робитаҳои хуби корӣ дорад.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии мамлакат бо мақсади амалишавии стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, инчунин такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.








Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд
Дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ бар асари садамаи нақлиётӣ 11 нафар ба ҳалокат расид
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
ЧАРО ҲОЛАТҲОИ ҒАРҚШАВӢ КАМ НАМЕШАВАНД? Мутахассисон риояи қоидаҳои бехатариро омили асосии пешгирии ҳодисаҳои нохуш медонанд
Дар Вазорати мудофиа оид ба саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд






