Олимони Институти астрофизикаи АМИ Тоҷикистон «меҳмони думдор» аз қаъри коинотро мушоҳида мекунанд
ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» бо ёрии телескоп меҳмони думдор-кометаи NEOWISE (Неовайз)-ро мушоҳида намуданд ва мониторинги он то моҳи август идома меёбад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ директори Институти астрофизика, доктори илмҳои физика-матемактика, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон Гулчеҳра ҚОҲИРОВА хабар дод.
Бино ба нақли олимаи тоҷик, чанд даҳсолаҳои охир аст, ки дар осмони мо кометаҳои равшан намуддор набуданд. Кометаҳои зебову равшан қариб, ки аз замонҳои кометаҳои Хякутаке соли 1996 ва Хейл-Боппи соли 1997 вонамуд намешуданд. Соли 2020 ба мо ин имконият фароҳам омад, ки кометаҳоро бевосита бубинем. Моҳи июли соли 2020 рақиби ин кометаҳо дар осмон C/2020 F3 NEOWISE (Неовайз) пеш аз тулӯи Офтоб пайдо шуд.
Кометаи Неовайз дар охири моҳи марти соли 2020 бо истифодаи телескопи кайҳонӣ дар доираи барномаи назорати автоматикии «NEOWISE», ки барои дарёфти объектҳои нав дар наздикии Замин равона шудааст, пайдо гардид. Кометаро ба шарафи ин барнома Неовайз номгузорӣ карданд. 3 июл, комета ба Офтоб хеле наздик гардид, ӯ аз нуқтаи наздиктарин ба Офтоб дар масофаи беш аз 44 миллион км гузашт. Пас аз он, вай боз ба канори системаи Офтобӣ рафта, ба масофаи зиёда аз 106 триллион км аз Офтоб мерасад. То 12 июл кометаи Неовайзро пеш аз баромадани Офтоб дар самти Шарқи осмон бо чашмони одӣ дидан мумкин буд.
Пас аз 12 июл, то охири моҳ комета тақрибан як соат пас аз ғуруби Офтоб дар осмон ба самти Ғарб намоён хоҳад шуд. Чунин манзараи аҷиб дар осмони мо бо наздик шудани комета ба Офтоб ва Замин алоқаманд аст.
«Комета 23 июл дар масофаи аз 123 миллион км аз Замин парвоз хоҳад кард. Ҳангоми ба Замин наздик шудан комета дар субҳи барвақт ва шомгоҳон равшантар хоҳад шуд. Вақте, ки комета аз Офтоб ва Замин дур мешавад, он гоҳ равшании ӯ заифтар шуда, аз чашми мо пурра нопадид мегардад»,-зикр кард Гулчеҳра Қоҳирова.
Ба гуфтаи директори Институт комета ба гурӯҳи кометаҳои дароздавр дохил шуда, дафъаи оянда пас аз 7 ҳазор сол ба Офтоб боз наздик мешавад. Агар дар ин муддат комета пора-пора нашавад, онро пас аз 6 ҳазору 800 сол дар осмон боз дидан мумкин аст. Аксҳои сершумори комета, ки аз нуқтаҳои гуногуни Замин ба даст омадаанд, возеҳан думи аслӣ ва аҷоибу ғароиби худро нишон медиҳанд, ки тӯли он миллионҳо километрро тай мекунад.
Дум аз ду қисм-асосӣ ин чангҳо ва қисми дигари заифтар — қисми ионӣ иборат аст. Комета аз конгломератҳои яху чанг иборат аст, ки он моддаҳои реликтест, ки аз он системаи Офтобӣ, аз ҷумла сайёраи мо ба вуҷуд омадааст. Ҳангоми наздик шудан ба Офтоб ӯ зери таъсири гармии офтобӣ монда, сублиматсияи ях ва озод шудани моддаҳо — газҳо ва чанг аз рӯи ҳастаи комета сар мешаванд. Фишори нурпошии офтобӣ заррачаҳои партофташударо дар самти муқобил ба Офтоб мепартояд, аз ин рӯ думи комета ба вуҷуд меояд.
Вақте кометаро кашф карданд, олимон шубҳа доштанд, ки як пораи яхи гилолуд (ё лойи яхин) ҳангоми наздик шудан ба ситораи мо, яъне ба Офтоб зинда мемонад ё не? Аммо, акнун мушоҳидачиён метавонанд лаззат аз он баранд, ки ин комета на танҳо зинда монд, балки равшантар шуд.
Ояндаи кометаи Неовайз номуайян аст. Кометаҳо ин объектҳои ноустувор ҳастанд ва мо намедонем, ки чанд вақт онҳо бо чашми одӣ ё бо ёрии телескопҳо намоён хоҳанд монд, ҳатто вақте ки онҳо ба Замин наздик мешаванд. Агар дар комета маводе, ки думи бузурги ӯро пайдо мекунанд ба итмом расад, он гоҳ ӯ аз майдони чашм нест мешавад. Пас, ҳоло мо имкон дорем, ки ӯро бубинем.
ДАР АКС: акси кометаи Неовайз аз расадхонаи «Санглох», ки 10 июли соли 2020 соати 4:10 дақиқаи субҳ бо ёрии телескопи хурд гирифта шудааст.








Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»






