Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 8 ихтисоси нав таъсис дода шуд

Июль 17, 2020 13:46

ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо назардошти рушди босуботи  мамлакат, густариши робитаҳои иқтисодии берунмарзӣ, тамини ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва бехатарии иқтисодӣ 8 ихтисоси нав таъсис дода шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишастӣ матбуотӣ  муовини ректор оид ба илм ва ҳамкории байналмилалӣ Заррина Қодирова иброз намуд.

Ба гуфтаи номбурда, менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо, иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо, сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо, ҳуқуқи андозу бонкӣ, ҳуқуқи гумрукӣ, ҳуқуқи иттилоотӣ, бехатарии иқтисодӣ ва иқтисодиёти бизнеси электронӣ аз ҷумлаи ихтисосҳои нав мебошанд.

Муовини ректор  Заррина Қодирова дар идома дар бораи дастоварду пешравиҳои муассиса ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз рӯи 34 нишондод муайян кард, дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷойи чорумро ишғол намуд.

Дастоварди дигари Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани 6 барномаи таълимӣ, аз ҷумла 4 барномаи бакалаврӣ ва 2 барномаи магистрӣ буд, ки ҳамаи онҳо соҳиби акредитатсияи байналмилалӣ ва сертификат гардиданд.

Донишгоҳ дар барномаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эрамус+, Бонки ҷаҳонӣ, инчунин дар доираи созишномаҳои байналмилалии дуҷониба фаъолона иштирок намуд.

Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон  ҳамчунин ҳамкории худро бо донишгоҳҳои Қазоқистон, Федератсияи Россия, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Чин, Булғористон, Полша, Испания, Италия ва ИМА хуб ба роҳ мондааст.

Июль 17, 2020 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд