Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон бо ошкор гардидани беш аз 290 ҳазор ҳолати нав аз 17 миллион гузашт
ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 290 ҳазор ва теъдоди ҳолатҳои фавт беш аз 7 ҳазор нафар зиёд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба ҳолати 30 июл дар ҷаҳон 17 187 414 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 670 201 нафари онҳо ҷон додаанд. Давоми шабонарӯзи гузашта 290 135 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида, 7 030 нафар вафот кардаанд.
Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 8 840 524 (+111 562 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 984 нафар зиёд шуда, ба 342 635 нафар расидааст.
Дар Аврупо 3 283 277 сироятёфта ва 211 616 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 20 993 ва фавт — 705 ҳолат афзудааст.
Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 1 892 056 ва қурбониён 42 233 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 53 676 нафар зиёд шуда, 867 нафар фавтидаанд.
Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 568 037. Баъдан Бразилия (2 555 518), Ҳиндустон (1 584 384), Россия (828 990), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (471 123), Мексика (408 449), Перу (400 683), Чили (351 575), Иcпания (329 721) ва Британияи Кабир (301 455) ҷойгиранд.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






