ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 июл, душанбе, 188-умин рӯзи соли 2020 аст
6 июли соли 2004 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби вақти Раиси Ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ дар болои дарёи Панҷ дуюмин пул ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст намуд.
***
11 сол пеш, 6 июли соли 2009 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари вақти Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Америка, аз ҷумла, рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсияро, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 зимни гуфтугӯи телефонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибрози умед карда шуд, ки иртиботи дӯстона ва бисёр хуби ду кишвар дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.
6 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Лесото – Рӯзи оила.
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи пойтахт.
РӮЙДОДҲО:
6 июли соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии «Маркази байналмилалии молиявии Остона» иштирок карданд.
***
6 июли соли 2004 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хишти аввали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузошта шуд.
***
6 июли соли 2018 масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
***
6 июли соли 1942 Аргентина дар бораи бетарафии худ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон хабар дод.
***
74 сол пеш, 6 июли соли 1945 Никарагуа дар ҷаҳон аввалин мамлакате гардид, ки Хартияи СММ-ро тасдиқ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1992 Созишномаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ» ба имзо расид.
***
6 июли соли 1863 дар Франсия калонтарин бонк бо номи«Credit Lyonnais» ба истифода дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози ҳавопаймояшро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе роҳандозӣ кард.








Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






