Шурӯъ аз 1 август дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши либосу лавозимоти мактабӣ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 09.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илм, мактуби дархостии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури бевоситаи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, шурӯъ аз 1 августи соли 2020 дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ оғоз меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илм.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар миқёси ҷумҳурӣ иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда мебошад ва дар ҳолати саривақт, сифатнок ва назорати ҷиддии масъулин имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо дар давоми сол фароҳам оварда шуда, хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд.
Аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад. Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ – шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатӣ СТ ҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худ пешниҳод карда шудааст.
Ҳамзамон, дар робита ба баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати ройгон ҷудо намудани нуқтаи алоҳида барои баргузории ярмарка ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи хуб доир намудани он дастур дода шудааст.








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






