Барои муассисаҳои хизматрасонӣ роҳнамо оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии COVID-19 таҳия гардид

Июль 21, 2020 08:55

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи эълон гардидани пандемияи коронавирус дар ҳудуди мамлакат бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ Агентии «Тоҷикстандарт» ҳуҷҷатҳои меъёрии «Роҳнамо барои фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)» ва «Роҳнамо барои фаъолияти кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)»-ро таҳия намуд. Ҳуҷҷатҳои мазкур барои истифода дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, савдо ва дигар хизматрасониҳое, ки ҳамарӯза ба аҳолӣ расонида мешавад, татбиқ мегардад ва дар заминаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тавсияҳои мушаххасро дар бар мегирад, ки барои фаъолияти бонизоми муассисаҳои хизматрасонӣ дар ин давра мусоидат менамояд. Дар ин бора 20 июл зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода  ба намояндагони воситаҳои ахбори омма  иттилоъ дод.

«Аз ҷониби мутахассисони Агентӣ бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) ҳуҷҷатҳои меъёрии  зикршуда бо теъдоди 10000 нусха  ба  нуқтаҳои савдою хизматрасонии ҳудуди шаҳри Душанбе  дастрас карда шуданд», — афзуд Қудрат Давлатзода.

Дар нишаст таъкид гардид, ки иқдоми ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) дар байни субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мутахассисони марказҳои вилоятию минтақавии Агентӣ амалӣ карда мешавад.

Июль 21, 2020 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад