COVID-19. Дар Тоҷикистон 83,5%-и гирифторони коронавирус шифо ёфтанд

Июль 31, 2020 19:53

ДУШАНБЕ, 31.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 31 июл ба 7409 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 6193 нафар ё худ 83,5%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 60 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 93 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Июль 31, 2020 19:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст»
Президенти Тоҷикистон бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид