ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ховалинг ба шарафи ҷашни миллӣ 300 иншоот бунёд мешаванд

Август 19, 2020 09:18

ХОВАЛИНГ, 19.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 300 иншооти хурду бузург  ба нақша гирифта шуда, то имрӯз  70 фоизи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Тавре сармеъмори ноҳия Иноятулло Ҳоҷизода иттилоъ дод, айни замон бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сафедшаҳраки Ҷамоати деҳоти  Лоҳутии ноҳия сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 640 ҷои нишаст аз ҷониби ҶДММ “Фаридун” идома дорад.

Ба корҳои сохтмонӣ беҳтарин мутахассисони маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд. Бинои мазкур дуошёна буда, аз 14 синфхона, утоқҳои фаннию корӣ, толори варзишӣ, толори маҷлисӣ, ошхона ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Бино бо шабакаи мустақими гармидиҳӣ таъмин карда мешавад. Барои дар муҳлати муайянгардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ масолеҳи хушсифати ватанӣ ва шароити хубӣ корӣ муҳайё гардидааст.

Дар деҳаи Токаки ин ноҳия сохтмони бинои иловагии мактаб барои омӯзгорону хонандагон дар арафаи анҷом қарор дорад. Пудратчии сохтмони иншооти мазкур ҶДММ «Қобилҷон-ЛТД» мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагӣ мушкилоти хонандагону омӯзгорони муассиса ҳалли хешро пайдо менамояд.

Ҳоло дар дигар иншооти ба шарафи ҷашн бунёдшавандаи  ноҳия низ корҳои сохтмонӣ аз рӯи нақша идома доранд.

Август 19, 2020 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд