Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» аз Бадахшон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 август Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» аз ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Он дар доираи Барномаи давлатии «Рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» доир шуда, 200 номгӯй китобро бо теъдоди 3489 нусха, ки ба маблағи 110 000 сомонӣ харид шудаанд, ба китобхонаҳои вилоят тақсим менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин дар асоси фармоиши Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ду муассисаи тобеи вазорат- Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва Хонаи китоби Тоҷикистон дастуру феҳрастҳои библиографӣ ва дигар матолиби чопиро барои Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» ҷудо намуданд. Дар маҷмӯъ кӯлвори «Корвони китоб» бо 254 номгӯй китобу ҷузва бо теъдоди 5945 нусха ва ба маблағи 154 934,35 сомонӣ мураттаб гардид.
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» баъд аз расонидани кӯлвори китоб ба ноҳияи Дарвоз ба ноҳияи Ванҷ сафар намуд.
Ҳадаф ва моҳияти ин амал, пеш аз ҳама, рушду густариш, баланд бардоштани савияи дониш, маърифатнокии шаҳрвандон ва тарбияи маънавии сокинони ҷумҳурӣ мебошад.
ДАР АКС: Корвони китоб дар ВМКБ. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






