Астрономҳо аз наздикшавии астероиди бузург ба Замин хабар медиҳанд

Август 1, 2020 09:45

ДУШАНБЕ, 01.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 августи соли равон соати 15.35 ба вақти маҳаллӣ астероиди бузург, ки андозааш то 190 метр аст, дар масофаи тақрибан 2.7 млн км ба Замин наздик меояд. Аломати ин ҷирм  2009 PQ1 буда, он ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил намешавад. Ғайр аз ин, масофаи наздикшавии астероид ба Замин аз масофаи байни Замину Моҳтоб ҳафт маротиба зиёд аст. Бинобар  ин, наздикшавии ин астероид ба Замин хатар намеорад. Тибқи маълумоти олимони соҳа, дафъаи оянда наздикшавии астероиди 2009 PQ1 ба Замин соли 2137 ба вуқӯъ меояд. Дар ин бора Директори Институти астрофизикаи АМИТ Гулчеҳра ҚОҲИРОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ дод.

Директори Институти астрофизикаи АМИТ Гулчеҳра ҚОҲИРОВА

Ба маълумоти олими тоҷик, моҳи июл низ якчанд астероидҳо ба Замин наздик шуданд. Аз ҷумла, 24 июли соли 2020 астероиди 2020 ND, ки андозааш ба  170 м баробар аст ва он ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок барои Замин дохил мешавад,  ба Замин наздик омад. Ин сангпораи азимҷусса дар масофаи зиёда аз 5 млн км  аз Замин тай карда гузашт.

«5 млн км ин хеле масофаи бузург аст ва  гузашти астероид ба Замин ягон хатар наовард. Астрономҳо метавонанд траекторияи астероидро дар садсолаҳои пеш ҳисоб намоянд, чун агар онҳо гӯянд, ки ин астероид эҳтимолан хатарнок аст, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтимоли хатари ӯ ба мо назарногир аст. Мо набояд аз ин ҳодисаи астрономии одӣ ба ташвиш биёем. Аз рӯи мушоҳидаҳои астрономҳо, дар як сол тақрибан 200 астероид аз назди Замин мегузарад. Одатан хатари онҳо ба Замин нахоҳад расид, аммо ба киштиҳои кайҳонӣ таҳдид мекунанд»,-гуфт Гулчеҳра Қоҳирова.

Инчунин зикр гардид, ки 26 июли соли 2020 боз ду астероиди дигар ба Замин наздик шудаанд. Яке аз онҳо мадори Заминро бурида гузашт ва дигаре умуман мадори Заминро набурид. Ҳарчанд онҳо ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил намешаванд, лекин гоҳ-гоҳ ба Замин наздик шудаанд.

Ҳамеша назорати харакати астероидҳо тавассути мушоҳидаҳо дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гашта истодааст. Расадхонаҳо ва телескопҳои Институт барои ин кор мусоид мебошанд, инчунин дар ин самт олимони мо таҷрибаи хуб низ доранд.

Август 1, 2020 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд