Барои рушди агротуризм дар Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 19.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи хурди грантии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби барномаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» дар Тоҷикистон дар самти тақвияти агротуризм дар водии Рашт дастгирӣ ёфт.
Тавассути татбиқи лоиҳа барои рушди иқтидори мутахассисони маҳаллӣ ва ҷонибҳои манфиатдор дар таҳияи нақшаҳои маҳаллӣ оид ба рушди агротуризм дар ноҳияҳои минтақаи Рашт машваратҳо гузаронида мешаванд. Агротуризм дар Тоҷикистон ҳанўз шакли нав ва муосири сайёҳӣ буда, таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ афзудааст. Зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд.
Табиат ва иқлими водии Рашт барои сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ мувофиқ буда, шаклҳои сайёҳии сайру гашти пиёдагардӣ ва аспсаворӣ, агро-экосайёҳӣ, рафтинг самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
Тибқи таҳлилҳо, агротуризм ҷанбаҳои зиёдеро фаро гирифта, ба рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши занҷираи арзиши иловашуда, бо нархҳои қобили қабул фурӯхтани маҳсулот ва афзоиши даромад, муаррифии имкониятҳои сайёҳиву кишоварзӣ ва анъанаҳои миллӣ мусоидати ҷиддӣ мекунад.
Дар ин замина, зина ба зина ҳамаи имкониятҳои соҳа мавриди истифода қарор дода шуда, хоҷагиҳои деҳқониву шахсони алоҳида ба ҳамкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» омадааст, ки сайёҳӣ аксаран воситаи асосии дастгирии минтақаҳо, махсусан минтақаҳои кўҳӣ ва дурдасти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, заминаи асосии баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар маҳалҳо ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки мутахассисони Кумитаи рушди сайёҳӣ соли гузашта дар давраи омӯзишӣ, ки дар мавзӯи «Агробизнес ва агротуризм» дар шаҳри Обихирои давлати Япония доир гардид, иштирок доштанд. Дар давраи будубош гурӯҳи иштирокчиёни курси омӯзишӣ ба хоҷагиҳои зироатпарварӣ ва чорводорӣ сафарбар гардида, бо маҳсулоти кишоварзӣ, тартиби истифодаи замин, кишту кори зироат, гардиши зироати мавсимӣ, чорводорӣ, истифодаи техникаву технология дар хоҷагиҳо ва дигар корҳои хоҷагидорӣ аз наздик шинос шуданд. Бо мақсади муаррифии маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ дар вилояти Хоккайдо ташкили саёҳати аграрӣ хуб ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои сайёҳӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо фарогирӣ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ва чорводории давлати Япония омода карда шудаанд.
Роҳбаладони махсуси донандаи соҳаи кишоварзӣ сайёҳонро зимни саёҳат бо заминҳои кишту кор ва хоҷагиҳои чорводорӣ шинос намуда, ба онҳо маълумоти дахлдор пешниҳод менамоянд. Инчунин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва чорвопарварӣ барои сайёҳон шароити будубош, аз қабили ҷойи хоб (ҳомстей), пухтупази хӯрок, мастер- классҳои пухтупази таомҳои миллӣ ва дигар хизматрасониҳо мавҷуд мебошанд.








Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






