ЧӢ ТАВР БАРОИ ДУ СОЛ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ ЗАХИРА БОЯД КАРД? Коршиносон мегӯянд: «Ин кори хеле сода аст — баъзе маҳсулотро аз шаш моҳ то даҳҳо сол нигоҳ доштан мумкин аст!»

Август 8, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 08.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанд сол боз зимни ҳар як вохӯрӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бо аҳолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зарурати пешакӣ захира кардани маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол  таъкид мекунанд. Ба ин даъват иддае аз кормандони ВАО, аз ҷумла хабарнигорони Радиои Озодӣ, шаккокона менигранд, онро  ба таври худ шарҳу тафсир медиҳанд: чӣ тавр метавон маҳсулотро  ду сол нигоҳ дошт, оё вай вайрон намешавад?

Дар ҳоле, ки вазъи ба вуҷудомадаи иқтисодӣ дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон  ҳокӣ аз он аст, ки дастур ва супоришҳои Пешвои миллат дар ин бобат хеле дуруст ва бамавриданд. Тавре нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои кишвар дар моҳи июл нишон доданд, пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон, инчунин дар дигар кишварҳо, ба тамоми соҳаҳои иқтисодиёт тьаъсири манфии худро расонидааст. Ва  Созмони Милали Муттаҳид низ борҳо дар хусуси зарурати  захираи маводи ғизоӣ дар сурати сар задани буҳрони ғизоӣ бар асари пандемия ҳушдор додааст.

Ба ин тартиб, оё метавон маҳсулоти ғизоиро баро ду сол захира кард?

Журналистони мо Елена БАТЕНКОВА ва Фирӯза ДАВЛАТЗОДА дар ин маврид бо истинод ба маслиҳати мутахсассисон ибрози назар мекунанд.

Сухан дар бораи он намеравад, ки якбора маҳсулот барои 2 сол захира карда шавад. Ҳама кор бояд оқилона, бо дарназардошти хароҷоти ҷорӣ ва  тадриҷан сурат бигирад. Бо дарки ин, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба хариди маҳсулоти ғизоӣ машғул мешаванд, ин набояд кори душвор бошад. Бисёриҳо дар ин кор таҷриба ва маҳорати хуб ҳам  доранд. Бояд таваҷҷуҳ кард, ки пеш аз ҳама дар бораи захираи кадом навъи ғизоҳо  сухан меравад.

«Захираи стратегии маҳсулоти ғизоӣ дар хона ҳеҷ гоҳ боиси ихлол намешавад. Дар сурати  холӣ шудани яхдон,  ташрифи ғайриинтизори меҳмонон ва ё сафари тӯлонӣ донистани он ки як миқдор захира мавҷуд аст, бисёр хуб аст. Ва дар ҳолатҳои хушксолӣ ва буҳронҳои озуқаворӣ, ки СММ борҳо кишварҳои ҷаҳонро огоҳ кардааст, доштани захираи маҳсулоти ғизоӣ на танҳо фоиданок, балки зарур аст», — гуфт сарвари Пажӯҳишгоҳи давлатии «Ғизо»,  доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов дар мусоҳиба бо мо.

Тавре Тоҳир Нуруллозода, ҷонишини сардори Раёсати танзими техникӣ ва стандартизатсияи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Тоҷикстандарт”) зикр намуд, номгӯи маҳсулоте, ки метавон онро 2 сол ва ҳатто бештар аз он нигоҳ дошт, хеле калон аст. Маҳсулоте аз қабили шакар, асал, макарон, сабзавоти консервшуда, мураббо, меваҳои хушк, хокаи шир, чой, қаҳва, какао, равғани растанӣ, биринҷ, орд ва ғайра метавонад барои муддати дароз нигоҳдорӣ шавад.

Чиҳоро то ду сол ва ё бештар аз он нигоҳдорӣ  кардан мумкин?

НАМАК. Бо назардошти он ки намак аз ҷиҳати техникӣ маъдан аст, на маҳсулот, ёфтани намаки вайроншуда ғайриимкон мебошад. Намаки Хоҷа Мӯъмин, ки дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон воқеъ аст, садҳо сол боз маҳфуз аст! Хоҷа Мӯъмин — кӯҳи намак аст. Сайёҳи маъруфи венетсианӣ Марко Поло, ки садҳо сол қабл ба ин ҷойҳо омада буд, чунин навиштааст: «Намаки ин ҷо сахт аст, онро бо белҳои калон мешикананд ва миқдораш он қадар зиёд аст, ки барои тамоми олам то рӯзи қиёмат кифоят хоҳад кард.» Тибқи арзёбиҳои муосири геологҳо, дар Хоҷа-Мӯъмин беш аз 30 миллиард тонна намаки ошӣ маҳфуз аст.

Сухан сари он меравад, ки ин маҳсулот дар муқобили рутубат ҳассосият дорад, намиро ҷазб мекунад, ба як кӯҳпораи бузург мубаддал мешавад ва онро бо чизи сахт шикастан лозим меояд. Вале, ба ҳар ҳол, намак боз ҳам  намак боқӣ мемонад.

Дарвоқеъ, намаки йоднокшуда ҳамагӣ як сол нигоҳ дошта мешавад. Дар ин муддат йоди он бухор мешавад ва хосияти шифобахшии чунин намак аз байн меравад. Дар ин ҳол онро барои пухтупази маъмулӣ истифода намудан мумкин аст.

ҚАНД. Бе қанд ҳаёти мо ғамангез ва дилгиркунанда хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҳангоми ташкили «захираи дастнорас» ҳатман ин маҳсулот бояд захира карда шавад. Қандро дар ҷои хушк ва сард нигоҳ бояд дошт. Ин маҳсулот, мисли намак, намиро дӯст намедорад. Агар шароити нигоҳдорӣ риоя шавад, пас онро метавон то 10 сол ҳифз намуд.

АСАЛ.  Он кайҳо боз ҳамчун «ғизои фавқулода» маълум аст, чунки дорои хусусиёти зиёди барои саломатӣ муфид мебошад. Дар он антиоксидантҳо зиёданд, сулфаро  рафх смесозад ва ҳатто исбот шудааст, ки асал захмҳо ва сӯхтагиҳоро шифо мебахшад. Албатта, ин маҳсулот лазиз аст ва барои ҳамин асал тамоми хӯрокҳои дигарро бомаза мекунад.

Асалро муддати бисёр тӯлонӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Дар эҳромҳои қадимаи Миср кӯзачаҳои гилини асал ёфт шудаанд ва маълум шуд, ки асали дохили онҳо ҳанӯз ҳам таъми олиҷаноб дорад, ҳатто пас аз ҳазорҳо сол, ки кӯзачаҳо муҳр шуда буданд. Сирри муҳлати зиёд нигаҳдорӣ шудани асал дар зиёдии қанд дар таркиби он нуҳуфтааст. Инчунин асал дорои муҳити хеле турш аст ва бинобар ин бактерияҳо наметавонанд дар он инкишоф ёбанд.

МАКАРОН. Бисёр одамон дар як ҳафта чандин маротиба онро истеъмол мекунанд ва онҳо зидди идома ёфтани чунин тарзи зиндагонӣ ҳангоми вуқӯи ҳолати фавқулода нестанд. Макарони хушк ҳамчун ғизои «абадӣ» дар бисёр рӯйхатҳои “ғизо барои охири дунё”дар Интернет ҳузур дорад. Аммо пеш аз рафтан ба мағозаи хӯрокворӣ барои яклухт харидани қуттиҳои спагеттӣ дар хотир бояд дошт, ки онҳо танҳо 2-3 сол дар анҷомхона нигоҳ дошта мешаванд.Бале, албатта, се сол барои нигоҳдории ғизо вақти зиёд аст, аммо ин аз «абадият» хеле дур мебошад. Агар вермишел дар зарфи ҳавоногузар гузошта ва  дар ҷои хушк нигоҳ дошта шавад, муҳлати истеъмол он то 8-10 сол дароз хоҳад шуд.

КОНСЕРВАҲО.  Қаблан  огоҳ мекунем: консерваҳои худсохти хонагӣ набояд бештар аз як сол нигоҳдорӣ шаванд, агар хоҳед, ки таъми онҳо ва танҳо консервантҳои табииро бидуни моддаҳои зарарнок нигоҳ доред.

Аммо консерваҳои аз мағозаҳо харидшударо метавон муҳлати дарозтар — ба ҳисоби миёна то ду сол нигоҳ дошт. Илова бар ин, муҳлати истифодаи, масалан, консерваи гӯштӣ маънои онро надорад, ки маҳсулот хароб шудааст, аммо нишон медиҳад, ки худи қуттӣ эҳтимолан занг зада бошад. Барои нигоҳ доштани консерваҳо беҳтар аст, ки хонаҳои сард ва хушк интихоб шаванд.

МУРАББО. Бо фарорасии тобистон  занҳо маъмулан ба бозорҳо мераванд, то ҳадди имкон мева ва сабзавот харид кунанд (дар тобистон нархи неъматҳои табиати Тоҷикистони офтобӣ арзонтар аст) ва дар шароити хона барои зимистон мураббо таҳия намоянд. Амалан  ҳар оила онро аз меваҳои гуногун  омода мекунад. Ҳоло аз меваҳо, чормағз, сабзавот ва ҳатто барги  гулҳо мураббо  тайёр мекунанд. Агар мураббо дар хонаи салқини ҳарораташ на болотар аз  +15 ° C   нигоҳдорӣ шавад, муҳлати қобили истифода будани он ду сол аст.

 ХУШКМЕВА. Дар фасли зимистон ва баҳор ҳангоми кам шудани меваҳои тару тоза талабот ба ин маҳсулот зиёдтар мешавад. Мева ва буттамеваҳои табиии хушккардашуда на танҳо болаззат, балки манбаи витаминҳо барои ҳифзи саломатӣ мебошанд. Онҳоро метавон дар шакли тару тоза истеъмол кард ва ё барои тайёр кардани нӯшобаҳо, пухтупаз ва шириниҳои гуногун истифода намуд.

Меваҳои хушкро муддати тӯлонӣ нигоҳ доштан мумкин аст, аммо фаромӯш набояд кард, ки барои дароз кардани муҳлати ҳифозат онҳо бояд таври дуруст нигоҳдорӣ шаванд.

Ғолибан меваҳои хушкро метавон то 2 сол нигоҳ дошт, вале лозим аст, ки онҳо дар ҷойи хушк ва дур аз нурҳои мустақими офтоб ҳифозат шаванд. Меваҳои хушк аз намӣ ва рутубати баланд вайрон мешаванд.

ШИРИ ХУШК. Маъмулан шири гов то ду ҳафта дар яхдон нигоҳдорӣ  мешавад. Хокаи шири серравған аз 2 то 5 сол ва хокаи шири беравған то 25 сол нигоҳдорӣ мешавад. Агар хокаи шир дар ҷои хушк ва сард, беҳтараш дар яхдон нигоҳ дошта шавад, муҳлати истифодаи он дароз мешавад.

Аммо бояд дар хотир дошт, ки ин танҳо ба шири хушк дахл дорад, на ба ғизои хушки атфол, ки муҳлати истифодаи он танҳо як сол аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ, ба кӯдак  ғизои муҳлати истифодааш сипаришударо додан мумкин нест, чунки ин метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад.

ЛӮБИЁГИҲО. Ин маҳсулоти беназир дар Тоҷикистон истифодаи густурда дорад. Онҳо лазиз, серғизо ва бениҳоят муфиданд: дар таркиби лӯбиёгиҳо нахҳо, витаминҳои А ва В, оҳан, калсий, углеводҳо ва тақрибан чоряки сафедаҳо (ва дар баъзе намудҳои он аз ин ҳам бештар) зиёданд. Лӯбиёгиҳо дар Рим, Юнон ва Мисри қадим парвариш ва истифода  мешудаанд (дар қабрҳои фиръавнҳо бостоншиносон нахуд, лӯбиё ва наск  пайдо кардаанд!).

Лӯбиёгиҳоро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст. Сирри нигаҳдории тӯлонии ин намуди маҳсулот дар коркарди дуруст ва муҳайё намудани шароити махсус нуҳуфтааст. Барои ин, онҳо бояд комилан хушк бошанд,  дар қуттиҳои ҳавоногузар ва дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шаванд.

Аммо! Муҳаққиқони Донишгоҳи Бригама Янга муайян кардаанд, ки пас аз 30 сол намуди зоҳирии лӯбиёгиҳои хушкшуда тағйир меёбад, аммо ҳама намунаҳо дар ҳолати фавқулода қобили истифода мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки лӯбиёгиҳо дар асл, метавонанд ҳадди аққал то 30 сол нигоҳдорӣ шаванд.

БИРИНҶ. Ин навъи маҳсулотро дар кишвари мо ҳар як оила истифода менамояд. Агар шароит риоя шавад, онро метавон муддати тӯлонӣ нигоҳдорӣ намуд. Мисли лӯбиёгиҳо, биринҷ бояд дар қуттиҳои ҳавоногузар, дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шавад. Ба сифати борҷома беҳтар аст, ки зарфҳои пластикии хоси маводи ғизоӣ (PETE) ва зарфҳои шишагӣ истифода шаванд ва онҳо бояд маҳкам пӯшида шаванд.

Чуноне таҳқиқоти дар Донишгоҳи давлатии Utah State University (бузургтарин ва муҳимтарин муассисаи таҳсилоти олии иёлоти Ютаи  ИМА) гузаронидашуда нишон медиҳад, агар ин шароитҳо риоя шаванд, биринҷро то 30 сол нигоҳ доштан мумкин аст ва дар ин муддат вай  таъми лазиз ва бӯйи хуши худро гум намекунад. Бояд  зикр кард, ки дар таҳқиқот 2 навъи биринҷ — сайқалёфта ва бухордодашуда  истифода шудааст.

ОРД. Тавсия дода мешавад, ки ин маҳсулот на бештар аз 12 моҳ нигоҳ дошта шавад. Вале дар ҳамин муддат ҳам бӯй ва таъми орд метавонад тағйир ёбад, аз ин рӯ беҳтар аст, ки муҳлати нигоҳдории он аз панҷ то шаш моҳ маҳдуд карда шавад.

Тибқи маълумоти USDA, орд барои нигоҳдорӣ шароити хосро тақозо намекунад ва онро дар ҳарорати хонагӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Яъне, хона бояд хушк ва сард бошад ва барои пайдо нашудани ҳашарот  ҳадди аққал дар як моҳ орд як бор бехта шавад. Аз ин рӯ, коршиносони соҳаи маводи ғизоӣ нигоҳ доштани ордро дар халтаҳои калон тавсия намедиҳанд. Беҳтар аст, ки барои нигоҳдории орд халтачаҳои катони дар маҳлули намак тар ва хуб хушкшуда истифода шаванд.

СОДАИ ҒИЗОӢ. Сода на танҳо ҳамчун нармкунанда ва иловаи ғизоӣ ҳангоми пухтупаз, инчунин дар хоҷагӣ низ истифода мешавад. Аз ин рӯ, онро ҳамчун маҳсулоти зарурӣ барои зиндагӣ ҳисоб мекунанд. Содаро метавон муддатҳо нигоҳдорӣ намуд. Вай метавонад хокаи дандоншӯйӣ ва ҷомашӯйиро иваз кунад, барои тоза кардани сатҳи ҷиҳози гуногун ва тайёр кардани маҳлулҳо барои обгардон кардани даҳон ва гулу истифода шавад ва ҷараёни бемории шамолкхӯриро сабук гардонад.

РАҒАН. Танҳо як намуди равғани растанӣ мавҷуд аст, ки он бояд дар яхдон нигоҳ дошта шавад — ин равғани зағир аст. Муҳлати нигоҳдории ин равған бисёр кам аст, зеро вай дар ҳарорати хона талхмаза  мешавад. Намудҳои дигари равғанҳо, аз ҷумла равғани имрӯз маъмули зайтун, бояд дар ҷойҳои сарду торик нигоҳ дошта шаванд. Беҳтар аст ки дар зарфҳои шишагӣ. Ба ҳамин тартиб равғанро метавон ба осонӣ то ду сол нигоҳдорӣ намуд. Агар шумо хоҳед, ки ин муддатро каме дароз кунед, равғанро ба зарфи шишагӣ бирезед ва дар таги зарф каме намак пошед.

Дар бораи равғани зард бояд гуфт, ки агар он дуруст таҳия шуда бошад, метавонад солҳо нигоҳдорӣ шавад, — инро таҷрибаи гузаштагонамон  исбот намудааст. Пештар, равған дар зарфҳои сафолӣ нигоҳдорӣ мешуд ва муддати тӯлонӣ сифатҳои муфиди худро гум намекард.

Нисбати равғани зарди истеҳсоли саноатӣ қоидаҳои дигар амал мекунанд. Дар ин намуди равған миқдори об нисбат ба равғани хонагӣ  камтар аст. Аз ин рӯ, дар ҳарорати хона муҳлати нигоҳдории он 9 моҳ ва дар яхдон то 15 моҳ аст.

ГӮШТИ ХУШК. Ин маҳсулот дар кишвари мо чандон маъмул нест, мисле, ки дар Амрико маъмул аст, аммо ба ҳар ҳол қобили таваҷҷӯҳ бояд бошад. Ин ғизои маъмулии амрикоёни бумӣ аст, ки хеле пеш аз ихтироъи яхдони нахустин пайдо шудааст. Дар ватани истеҳсоли «суперфуд» шуморо бовар мекунонанд, ки онро дар зарфи сарбаста ва ҷойи хушк, сард ва дар торикӣ то 50 сол нигоҳ доштан мумкин аст.

СИРКО. Муҳлати нигоҳдории ҳамаи навъҳои сирко метавонад то абад тӯл кашад. Ғилзати баланди тезобҳо дар маҳсулот аз пайдоиши микрофлораи зарарнок дар дохили он ҷилавгирӣ ва афзоиши онро пешгирӣ мекунад.

Гарчанде ки баъзе истеҳсолкунандагон муҳлати истифодаи маҳсулотро на  бештар аз ду сол аз рӯзи тавлиди он муқаррар мекунанд, ин қоидаро метавон нодида гирифт. Дар айни ҳол, таҳшиншавӣ ва тағйир ёфтани ранги маҳсулот боиси гум шудани хусусиятҳои ғизоии сирко  намешаванд.

ЧОЙ. Муҳлати истеъмолии чойи ғарамшуда на бештар аз як сол аст, агар он дар шароити дуруст нигоҳдорӣ шавад. Дар борҷомаҳои кушода муҳлати нигоҳдории он кам мешавад. Бояд донист, ки ин маҳсулоти бисёр нозук аст, бӯйҳо, рутубат ва чизҳои дар наздаш бударо ба худ мегирад. Ҳангоми нигоҳ доштани чой дар хона муҳим аст, ки он дар қуттиҳои сарбаста ҳифозат шавад. Борҷома бояд аз сафол, шиша ва ё аққалан филизӣ бошад. Барои муддати кӯтоҳ — чанд ҳафта — чойро дар қуттиҳои коғазӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Агар имкон дошта бошад чой бояд дар борҷомаи ҳавоногузар нигоҳ дошта шавад, дар ин ҳолат муҳлати нигоҳдории он зиёд мешавад.

ҚАҲВА.  Кори дӯстдорони кофеин омад кардааст, зеро қаҳваи маҳлулшаванда дар ҳарорати хонагӣ метавонад аз 2 то 20 сол нигоҳдорӣ шавад. Агар онро дар яхдон нигоҳ доред, пас муҳлати истифодаи он беинтиҳо хоҳад буд.

Онҳое, ки қаҳваро бо шакар менӯшанд, бояд дар хотир дошта бошанд, ки шакари сафеди дона — дона қариб 2 сол дар ҳарорати ҳаво ва дар зарфи сарбаста ва ҷойи сард абадан нигоҳдорӣ мешавад. Аммо муҳлати нигоҳдории хокаи қаймоқ ҳамагӣ 18-24 моҳ аст.

Август 8, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент