COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 7827 нафар расид

Август 10, 2020 18:15

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 10 август дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 7827 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 6614 нафар ё худ 84,5%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат 62 нафар гирифторони бемории мазкур дар мамлакат вафот кардаанд.

«Шабонарӯзи охир 90 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Август 10, 2020 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
COVID-19: шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон зиёда аз 99 млн нафарро ташкил медиҳад
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Муассисаҳои СММ ба тақсим ва интиқоли ваксинаи COVID-19 шурӯъ мекунанд. Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат ҳаст
Султон Бекмуродзода: «Таъмини доруҳо ва хизматрасонии босифат дар давраи пандемия яке аз омилҳои муҳими коҳиш додани шиддати сирояти Ковид-19 буд»
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
СУТ дархостҳоро ҷиҳати сабт намудани 14 ваксинаи зидди COVID-19, аз ҷумла ду ваксинаи русӣ баррасӣ мекунад
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Тоҷикистон аз Россия дар бораи ваксинаи «Спутник V» маълумот гирифт
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Аз 1-уми феврал дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ иҷозат дода мешавад