Дар мулоқот бо сокинони Муъминобод муҳимияти истиқлол ва вусъати корҳои ободонӣ зикр шуданд
ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Муъминобод чанд рӯз аст, ки бо сокинону масъулини ташкилоту идораҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳои судманд доир менамояд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Мақсад аз баргузории вохӯриҳо-ин вусъати корҳои ободонӣ бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист, истифодаи дурусти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, гузаронидани кишти такрорӣ, нарм кардани боғу токзор дар фасли тирамоҳ, барои ду сол захира намудани маводи хӯрокӣ, омодагӣ ба давраи замистон, пешгирии бемории СОVID-19 ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, инчунин баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Вохӯрию суҳбатҳо бо иштироки муовини раиси ноҳия Лутфия Шарифзода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Рустам Сайфуллозода, сардори шуъбаи Кумитаи амнияти миллӣ Шамсулло Расулов, сардори шабакаи барқ Ҳабибулло Абдуллозода, сардори шуъбаи кишоварзӣ Ҷумахон Сафарзода, сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Абдуҷҷабор Бегов ва аъзои гурӯҳи корӣ баргузор гардида истодаанд.









«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






