Дар Суғд дар беш аз 74 ҳазор гектар ғалла дарав карда шудааст
СУҒД, 13.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар майдонҳои кишоварзии вилояти Суғд ҷамъоварии ғалла бомаром идома дошта, то 11 август дар 7 шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷ.Расулов нақшаи дарави ғалла пурра иҷро гардидааст. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят хабар доданд.
Масоҳати калонтарини дарави ғалла дар вилоят дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич — 28418 га, Истаравшан –17186 га, Шаҳристон –10814 га ва Панҷакент –5955 гектарро дар бар гирифта, имрӯзҳо вобаста аз боду ҳавои мусоид дар ҳафт минтақаи боқимондаи вилоят маъракаи дарав ҷараён дорад.
Аз ҷумла, дарави ғалла дар шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ 99,4%, Исфара -96,4%, Панҷакент -95,8%, Айнӣ -89,2%, Истаравшан -83,1%, Деваштич -79,0% ва Шаҳристон -68,3 фоиз иҷро шудааст.
Зикр гардид, ки то имрӯз дар вилоят 164 487 тонна ғалла истеҳсол гардида, ҳосилнокии он аз ҳар гектар 22,6 сентнериро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз заминҳои обӣ 84914,3 тонна ғалла ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он ба 32,8 сентнер баробар аст.
Дар маҷмӯъ, имсол дар миқёси вилояти Суғд майдони дарав 87 096 гектарро ташкил дода, ҳамарӯза дар 723 гектар дарав ба иҷро мерасад. То имрӯз дар майдони 74477 гектар ҷамъоварии ғалла ба иҷро расонида шудааст, ки он ба 85,5% нақша баробар буда, 25923 гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳад.








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






