ФУТБОЛ. Дастаи «Бавария» бори шашум Ҷоми Лигаи чемпионҳоро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 23 августи соли равон дар варзишгоҳи «Эштадио да Луш»-и шаҳри Лиссабони Португалия бозии финалии Лигаи чемпионҳои Аврупо байни дастаҳои футболи «Пари Сен-Жермен»-и Франсия бо «Бавария»-и Германия дар сатҳи баланд баргузор гардид. Бозии мазкур бо пирӯзии дастаи футболи «Бавария» анҷом ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон гузориш медиҳад.
Вохӯрии ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 1 ба 0 нафъи дастаи футболи «Бавария» хотима ёфт. Ҳарчанд дастаҳо дар нимаи аввали рақобат имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, вале ба ҳеҷ яке аз онҳо муяссар нагардид, то дарвозаи ҳарифро рахна созанд. Тақдири ин бозӣ дар қисмати дуюми рақобат ҳал гардид. Дар дақиқаи 59-уми бозӣ, нимҳимоятгари дастаи Германия- Кингсли Коман бо як зарбаи ҳадафраси худ дарвозаи Кейлор Навасро рахна карда, ҳисобро 1:0 ба фоидаи дастааш сохт. Бо ҳамин ягона гол «Бавария» тавонист бори шашум ҷоми Лигаи чемпионҳоро болои сар бардорад. Аз ин пеш дастаи футболи «Бавария» мавсимҳои солҳои 1962-1963, 1963-1964, 1964-1965, 2000-2001 ва 2012-2013 низ ғолиби мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Аврупо гардида буд.
Дастаи футболи «Бавария» аз рӯи шумори пирӯзӣ дар ин мусобиқаи пурнуфуз бо дастаи «Ливерпул»-и Англия мақоми сеюмро тақсим мекунанд. Аз ҳама бештар (13 бор) танҳо дастаи футболи «Реал Мадрид»-и Испания ба унвони чемпионӣ мушарраф шудааст. Дастаи «Милан»-и Италия, ки 7 бор ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шудааст, дар мақоми дуюм қарор дорад.
«Бавария» 11-умин бор дар финали Лигаи чемпионҳо иштирок кардааст. Дар бозиҳои ҳалкунанда аз ҳама бештар (16 бор) танҳо «Реал Мадрид» ширкат варзидааст. Дастаи «Бавария» пеш аз ин дар финали мавсими 2012-13 иштирок карда, он замон бар дастаи футболи «Боруссия»-и Дортмунд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд.
Хотиррасон мешавем, ки дастаи футболи «Бавария» дар мусобиқаи гузаштаи Лигаи чемпионҳо дар ҳамаи 11 бозӣ ғолиб омадааст, ки ба чунин натиҷа пештар ягон даста мушарраф нашуда буд. Дар марҳилаи гурӯҳи дастаи футболи «Бавария» дуборӣ «Тоттенҳэм»-и Англия, «Олимпиакос»-и Юнон ва «Срвена Звезда»-и Сербияро шикаст додааст. Дар бозии 1/8- финал бар дастаи «Челси»-и Англия, дар чорякфинал бар дастаи футболи «Барселона»-и Испания, дар нимфинал бар «Лион»-и Фаронса ғалаба кардааст.
Дастаи футболи «ПСЖ»-и Франсия бори аввал дар финали Лигаи чемпионҳо иштирок кард. Аз дастаҳои фаронсавӣ дар ин мусобиқа танҳо дастаи футболи «Марсел» соли 1993 ғолиб шудааст. Дастаҳои футболи «Бавария» ва ПСЖ бори даҳум дар доираи ин мусобиқа бо ҳам рӯбарӯ шуданд, дар панҷ бозӣ фаронсавиҳо ва дар чаҳор дидор немисҳо ғолиб омадаанд. Аввалин бор соли 1998 дар финали мусобиқа ғолибони чемпионатҳои миллӣ ширкат кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки нимҳимоятгари дастаи футболи «Бавария»-и Германия Томас Мюллер дар финали Лигаи чемпионҳо бори чаҳорум иштирок карда, ду бор пирӯз шудааст.
Лигаи чемпионҳо
Финал
«Бавария» (Германия) — ПСЖ (Франсия) – 1:0 (0:0)
Гол: Кингсли Коман, 59.
«Бавария»: 1. Нойер, 17. Боатенг (то 25′) , 27. Алаба, 6. Алкантара Т. (то 86′) , 18. Горетска, 19. Дэйвис, 22. Гнабри (то 68′) , 29. Коман К. (то 68′) , 32. Киммих, 25. Мюллер, 9. Левандовски Р.
Иваз: 4. Зюле (аз 25′) , 10. Коутинйо (аз 68′) , 14. Перишич И. (аз 68′) , 24. Толиссо (аз 86′)
Бозигарони эҳтиётӣ: 26. Улрайх, 39. Ҳоффманн Р-Т., 2. Одриосола, 5. Павар, 21. Лукас Эрнандес, 8. Мартинес Х., 11. Кюизанс, 35. Зиркзее
Огоҳӣ: Дэйвис 28′, Гнабри 52′, Зюле 56′, Мюллер 90′
ПСЖ: 1. Навас К., 3. Кимпембе, 4. Керер, 5. Маркинос, 2. Силва Т., 8. Паредес Л. ( то 64′) , 11. Ди Мария (то 80′) , 14. Бернат (то 80′) , 21. Эррера (то 72′) , 7. Мбаппе, 10. Неймар
Таъвиз: 6. Верратти (аз 64′) , 23. Дракслер (аз 72′) , 20. Курзава (аз 80′) , 17. Чупо-Мотинг (аз 80′)
Бозингарони эҳтиётӣ: 16. Рико С., 30. Булка, 19. Сарабия, 22. Диалло А., 25. Баккер М., 31. Дагба, 27. Гуйе И.Г., 18. Икарди
Огоҳӣ: Паредес Л. 52′, Неймар 81′, Силва Т. 83′, Курзава 85′
Рефери: Даниэле Орсато (Италия).








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид






