ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Август 7, 2020 19:25

ДУШАНБЕ, 07.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 8 август 7706 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 99 нафар гумонбарон қарор дошта, 41 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Август 7, 2020 19:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ВЛАДИМИР ПУТИН БО САФАРИ КОРӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД. Ӯ бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медиҳад
ПРЕЗИДЕНТ СУПОРИШ ДОДАНД: ТАТБИҚИ БАРНОМАҲО ОИД БА РУШДИ ВМКБ ТАЪМИН КАРДА ШАВАД. Дар минтақаи аз ҷиҳати ҳудуд калонтарини Тоҷикистон тараққиёти босуръати соҳаҳо пешбинӣ мешавад
«Пояндаву абадӣ бод Ваҳдати миллии мо!»,- бардошт аз тантанаҳои идона дар вазорату идораҳо ва дигар мақомоти Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун сабақи омӯзандаи таърихӣ ва нодир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид
Президенти мамлакат мардуми Тоҷикистонро ба он даъват намуданд, ки ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бошанд
Раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид: «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муттаҳидию ҳамраъйии мардум мусоидат кард»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро номбар карданд
«ДАР ДУНЁ ҲЕҶ НЕРУЕ БУЗУРГТАР АЗ ҚУВВАИ ВАҲДАТ НЕСТ!». Чунин иброз медорад мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур Зебинисо Султонова
ҚУВВАИ МО ДАР САРҶАМЪИСТ. Мулоҳизаҳои сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода дар пешорӯи Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА АҲАМИЯТИ МИЛЛИВУ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода
«ДӮСТ БОШЕД, ИТТИФОҚ БОШЕД…». Ин даъвати Пешвои миллат барои мо мисли зангӯлаи бедориву ҳушёрист, мегӯяд муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода
БОРИ АВВАЛ ДАР 30 СОЛ! Ид дар перрон: дирӯз қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Тошканд раҳсипор шуд