Конференсияи ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар Хатлон масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 22.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар конференсияи 13-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 350 нафар вакилон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, фаъолони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва доираи васеи хабарнигорон баргузор гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода, раиси Шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Исмоил Шафиев шомили ҳайати кории раёсати конфронс буданд. Аз шумораи умумии вакилон 111 нафар бонувон (31%), 35 нафар ҷавонони аз 18 то 30-сола (9,7%) буда, 168 нафар бори аввал интихоб шуданд»,-афзуд манбаъ.
Аз рӯйи масъалаи якуми конференсия – омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён маърӯза намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки интихобот ҳамчун институти ҷудонопазири демократия аз шаҳрвандон фаъолнокӣ талаб намуда, пулест миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба сифати пайвандгари марому мақсадҳо.
«Барои мо – сокинони аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи вилояти Хатлон бисёр муҳим аст, ки аз гузаштаи начандон дури худ сабақ омӯхта, душманро аз дӯст фарқ карда, ба ҳар гуна найрангу дасисаҳо бовар накарда, ояндаи дурахшонро зери ливои пояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷоя созем. Зеро маҳз мо – насли ҳамин даври ҳаётро рисолати созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободкорӣ пеш омадааст».
Зикр шуд, ки дар давраи солҳои 2013-2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 171,1% афзоиш ёфта, ба 78 миллиард сомонӣ баробар шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 38% то 27,5% коҳиш ёфт. Музди меҳнат, ҳадди ақал аз 200 сомонӣ ва нафақа аз 105 сомонӣ мутаносибан то ба 620 сомонӣ ва 207 сомонӣ баланд гардиданд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ аз 17 миллиард сомонӣ то 27,7 миллиард сомонӣ ва маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ аз 9,7 миллиард сомонӣ то 27,5 миллиард сомонӣ, яъне 283% зиёд гардид ва истеҳсоли қувваи барқ бо бакордиҳии иқтидорҳои нав аз 16 миллиард то ба 20 миллиард кВт/ст расонида шуд.
-Ҳамин нишондиҳандаҳои хуби макроиқтисодӣ аст, ки ҳизби мо ба ҳайси ҳизби созанда ва халқпарвар миёни мардум маъруфияти зиёд дорад, – гуфт Қиёмиддин Миралиён.
Сипас, вобаста ба масъалаи болозикри конференсия, хидматҳои таърихии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ якчанд аъзои фаъоли ҳизб, ки аксаран ҷавонон буданд, сухан гуфтанд. Онҳо ихтироъкори муваффақ, омӯзгор, табиб, олим, фарҳангшинос ва сиёсатмадор муаррифӣ шуданд.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ перомуни масъалаи дувуми конференсия – интихоби вакилон ба анҷумани 14-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки тасмим аст, 3 сентябр гузаронида шавад, андешаҳояшро баён дошт. Оид ба нақши ҳизб дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои олии дорои моҳияти миллӣ ва ҳамзамон рисолати минбаъдаи он, аз ҷумла, гуфт, ки радикализм ва терроризму экстремизм, хатарҳои техногенӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ки пайомади онҳоро башарият ба нақди ҷон эҳсос мекунад, моро водор месозанд, ки дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ низ бо роҳи маърифатандӯзиву назокатмандӣ ва албатта, худдифоӣ саҳми шоиста гузорем. Ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғояҳои созандаи ҳизб пешсаф ва намунаи ибрат будан аз зарурати дигар аст.
Раиси вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Қурбон Ҳакимзода аз фаъолияти босамари аъзои ҳизб, афзоиши ҷонибдорони он, иштироки ҳизбиён дар ҳаёту фаъолияти иҷтимоиву иқтисодии вилоят ёдовар шуда, гуфт, ки «кумитаҳои иҷроияи ҳизб бо шароити лозимии моддию техникӣ таъмин гардида, пайваста барои рушди имкониятҳои иттилоотӣ, бахусус истифода намудан аз технологияҳои муосир талош доранд. Азбаски дар аксар маврид душманони миллат паҳлуи заифи ҳар як дастоварди моро меҷӯянд, фаъолон, аз ҷумла, аъзои ҲХДТ-ро мебояд, ки беш аз пеш фаъол бошанд, ба ҳар як сангафкании иғвоангезон вокуниши сареъ ва сазовор нишон дода, тараққиёти мамлакатро боз ҳам возеҳтар муррифӣ кунанд».
Дар идомаи конференсия ба кормандони фаъоли кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру навоҳӣ ва аъзои пешоҳанге, ки барнома ва ҳадафҳои ҳизбро ба таври муассир татбиқ карда истодаанд, сипосномаҳои кумитаҳои иҷроияи марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супурда шуданд.
Дар интиҳо вакилони конференсия аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.