Маркази миллии тестӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои тақсимоти такрорӣ оғоз намуд

Август 10, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар»  иттилоъ дода буд,  аз 10 то 13 августи соли равон дар  Маркази миллии тестӣ азнавбақайдгирии довталабон барои тақсимоти такрорӣ сурат мегирад. Тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, Марказ барои ҷойҳое, ки баъд аз тақсимоти асосии ИМД дар соли равон холӣ мондаанд, тақсимоти такрорӣ баргузор менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар тақсимоти такрорӣ довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ дар асоси баллҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд, довталабони ятим ва бепарасторе, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба гурӯҳҳои пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсим шудаанду бинобар надоштани имкони пардохти маблағи шартномаи таҳсил ба ин муассисаҳои таълимӣ ҳуҷҷат насупоридаанд, довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсим шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил кардан дар муассисаҳои таълимии тиббиро надоранд ва ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд.

Довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ роҳ ёфтаанд ва онҳое, ки холҳои гузаришро аз як  ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимот роҳ наёфта буданд,  ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.

Довталабро зарур аст, ки барои азнавбақайдгирӣ дар рӯзи муқарраршуда дар нуқтаи бақайдгирии дахлдор (дар ин бора паёмак (SMS) фиристода шудааст) ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:

— шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст

—  варақаи бақайдгирӣ (ё даъватнома);

— расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба пардохти маблағи иловагӣ (маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ 25 (бисту панҷ) сомонӣ муқаррар гардидааст).

Шахсони зерин аз пардохти ин маблағ озоданд: ятимони кулл ва бепарасторони то 21-сола, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.

Тақсимоти такрории довталабон аз нав имтиҳон супоридани довталабонро талаб намекунад ва он аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои аз нав интихобкардаи довталабон дар асоси баллҳои умумии аз қисмҳои дахлдор бадастовардаашон муайян карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ 17 августи соли равон эълон карда мешаванд.

 

Август 10, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода