Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ВМКБ вакили Анҷумани ҲХДТ интихоб шуданд

Август 31, 2020 18:47

ДУШАНБЕ,  31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Конфронси вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони яке аз вакилони худ ба Анҷумани ғайринавбатии 14-уми ҳизб пешниҳод  намуд. Дар ин бора раиси дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

«Ин як шарафи бузург на фақат барои мардуми  ВМКБ, балки тамоми кишвар аст, ки   раиси ҳизб маҳз аз ин вилоят вакил пешниҳод мешавад.   Сарвари давлат ҳамчун вакил  аз ин вилоят дар анҷумани ғайринавбатии 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ширкат хоҳанд кард», — гуфт раиси  дастгоҳи ҲХДТ.

Тавре  Абдураҳмон Хонов иброз дошт, тайи ду рӯзи гузашта дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар конфронсҳои ҳизбӣ баргузор ва намояндагони ҳизб ба анҷумани ғайринавбатӣ маълум шудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии соли 2013 низ аз сӯи аъзои ин ҳизб дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон вакил пешниҳод шуда, аз сӯи анҷумани ҲХДТ номзад пешбарӣ гардиданд ва дар интихобот пирӯз омаданд.

Ба иттилои масъулини ҲХДТ, ин ҳизб ҳудуди 500 ҳазор аъзо дар саросари кишвар дорад, ки 40%-и онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар анҷумани ғайринавбатии ҳизб, ки 3 сентябр дар Душанбе  баргузор ва номзади ҳизб ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд, аз 487 нафар узви ҳизб як вакил ширкат меваарзад.

Август 31, 2020 18:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон