ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар деҳаҳои наздик ба пиряхҳои бузурги Федченко ва Хирсон барои сайёҳон иншооти ҳозиразамон бунёд мегарданд

Август 18, 2020 18:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ноҳияи Ванҷ  қариб 80 иншооти  нав  бунёд мешаванд. Аз ин шумора   то имрӯз зиёда аз 50 адад ба истифода дода шуда, дар боқимонда иншоотҳои боқимонда, ки ба шарафи ин ҷашни миллӣ бунёд мешаванд, корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз ҷараёни корҳои ободонию созандагии ин диёри пурганҷ аз наздик дидан кард.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди тамоми соҳоти мухталифи ҷомеаро таъмин намуд. Дар ин раванд на танҳо  шаҳр, балки дар навоҳии дурдасттарин ҳам  амалҳои ободкорӣ ва бунёдкорӣ вусъат ёфта, фазои рушди ҷомеа таъмин гардид.

Тавре дар суҳбат раиси ноҳия Ҷаббори Қосим зикр кард, Ванҷи пурганҷ ҳам ба мисли дигар шаҳру навоҳии Бадахшон бо дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ободу зебо гардидааст. Дар айёми сулҳу осоиш иншооти саноатӣ ва самти иҷтимоӣ, корхонаҳои хурду миёна, марказҳои савдо ва хизматрасонии зиёде  сохта шуданд. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинони бонангу номуси ноҳия амалҳои ободгариву бунёдкорӣ ва созандагиҳо  босуръат идома доранд.

Дар ин давра дар ноҳияи Ванҷ муассисаҳои таҳсилоти умумии миёнаи нав қомат афрохта, бо ашёи таълимӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Сатҳу сифати хониш куллан тағйир ёфта, дохилшавии хатмкунандагон ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ афзоиш ёфт. Баҳри дастгирии хатмкунандагони навоҳии дурдаст ҳамасола аз ҳисоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 квота барои хатмкунандагони Ҷамоати Язгулом ҷудо мегардад, ки тибқи он давоми ду соли охир 80 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил гардиданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар канори рӯдхонаи Ванҷоб НБО «Ванҷ- 2», дар дарёчаҳо неругоҳҳои хурди  «Андарбак», «Техарв», «Пои Мазор», «Мотравн», «Пшихарв» ва «Ғӯмаяк» бунёд гардида,  таъминоти аҳолиро бо неруи барқ беҳтар  намуданд. Аз Дарвозу Рӯшон ба шаҳраки Рохарв ва Ҷамоати деҳоти Язгулом хати баландшиддати барқ кашида шуд, ки ин ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистон мусоидат кард. Инчунин таъминоти барқ дар ноҳия барои ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мусоидат намуд.

Аз ҷумла, дар ин айём дар маркази ноҳия ва маҳалҳо  корхонаи хиштбарорӣ ва истихроҷи санги мармари сафед дар мавзеъҳои Лангар ва Лугади деҳоти  Вотхуд, коргоҳи истеҳсоли  равғани чормағз ва ангат дар деҳаи Ғуҷовасти деҳоти Рованд, корхонаҳои  истеҳсоли  асфалт, дару тирезаҳои пластикӣ, хиштҳои бетонӣ,  коркарди чӯбу тахта ба кор дароварда шуданд.

Бино ба маълумоти раиси ноҳия Ҷаббори Қосим, дар даврони соҳибистиқлолӣ шурӯъ аз солҳои 2000  бунёди сохтмон дар соҳаҳои мухталифи ноҳия оғоз гардид. Бо ин мақсад аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 миллион сомонӣ равона гардид. Аз соли 2008 то соли 2010 дар ноҳия зиёда аз 10 иншооти  баландошёна  ба истифода дода шуд. Аз соли 2010 бо дастури Пешвои миллат дар ноҳия  авҷи баланди корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, то соли 2018 маркази ноҳия  ба шаҳраки афсонавӣ табдил ёфт.

Дар панҷ соли охир барои рушди сохтмон дар ноҳия  73 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Дар кӯтоҳтарин фурсат дар  маркази ноҳия  аз ҷониби  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди бинои сеошёнаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Қасри фарҳанг, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, бинои шуъбаи ноҳиявии КДАМ, мумфаршу чароғон ва гулбасар гардондани роҳу кӯчаҳо ва майдонҳои марказӣ далели дастовардҳои солҳои охиранд.

 

Ободгарӣ ва бунёдкориҳо Ванҷи пурганҷ, сарзамини зебо ва пурасрорро ба мавзеи тиллоии  Тоҷикистон бештар мубаддал  мегардонанд. Рамзҳои муқаддаси мамлакат– Парчам ва Нишони давлатӣ, инчунин, пайкараи адиби номдори диёр Муллоёри Ванҷӣ дар шаҳраки Рохарв қомат афрохтаанд.

Роҳбари давлат солҳои 2019 – 2021- ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар доираи ин солҳо дар кори дигаргунсозии инфрасохтори деҳоти  Вотхуд, Ванҷи Боло ва Язгулом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ ба ҷо оварда мешаванд. Ҳоло дар деҳаҳои дурдасти наздикиҳои пиряхҳои Федченко ва Хирсон биноҳои нав, маконҳои зисти ҳозиразамони ҷавобгӯй ба талаботи меъморӣ бунёд мегарданд.

Ноҳияи Ванҷ дорои захираҳои бойи табиӣ барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ мебошад. Мавзеъҳои таърихию истироҳатии он, ба мисли пиряхҳои Федченко, Хирсон, Кашола Ях, мавзеъҳои Зинг, Дараи Довгӣ, Чашмаи Шоҳмастон, Язғулом ба рушди соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд дар ноҳияи Ванҷ бунёди 8 пули мошингузарро ба нақша гирифтааст. Ин иқдом бо маблағгузории муассисаи Маркази татбиқи лоиҳаи дастраси ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳамаи пулҳо аз 25 то 34 метр дарозӣ дошта, бо сарфи зиёда аз 82 000 то 1 миллион доллари амрикоӣ  бунёд мегарданд. Ба гуфти Раиси ноҳия Ҷаббори Қосим, то ҷашни 30- солагии истиқлолияти давлатӣ ҳамаи пулҳо бояд ба истифода дода шаванд.

Пешвои  миллат  зимни сафари корӣ  аз  дастовардҳои  кишоварзони  ноҳия, пеш аз ҳама,  боғдорон  изҳори  хушнудӣ  намуда, тавсия доданд, ки самтҳои афзалиятнок — зироаткорӣ ва занбӯриасалпарвариро равнақ диҳанд. Аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусӣ дастуру ҳидоятҳо ва маслиҳатҳои Сарвари давлатро ба ҷо оварда, дар ин давра зиёда аз 100 гектар киштзори нав бунёд карданду домони боғҳо ҳоло 600 гектарро ташкил карда, то мавзеъҳои сароби рӯдхонаҳои Ванҷоб ва Язгуломоб расидаанд. Заҳматкашон дар таъмини барномаи амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб гузошта, садҳо тонна маҳсулот ҳамасола ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд ва берун аз мамлакат содир менамоянд. Ҳоло сокинони Ванҷ ба қадри дусола меваи хушк ва чормағз захира мекунанд ва эҳтиёҷоти худро пурра таъмин менамоянд.

Ба гуфтаи Ҷаббори Қосим, дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншооти самти иҷтимоӣ, кӯдакистони сеошёна, маркази хизматрасонии дорои кошонаи ҳусн, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолтаъмиркуниву суратгирхона, ҳаммом, иморати шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, бинои Ҷамоати деҳоти Язгулом, пули мошингузари Ҷовидон – Потов, ду маркази хизматрасонӣ  аз  ҷониби соҳибкорон Идибек Шарифов ва Зарифбек Лашкаров босуръат идома дошта, дар рӯзҳои таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик Маркази савдои «Ванҷ ситӣ», ки аз ҷониби соҳибкор Орзу Лашкаров бунёд шуда истодааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Бинои мазкур аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, корҳои созандагӣ дар он аз моҳи майи соли 2019 оғоз шудаанд. Иншоот бо маблағи беш аз 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ дар муҳлати кӯтоҳ қомат афрохта, ба шаҳраки Рохарв ҳусни дигар зам кард. Ин соҳибкори созанда дар ошёнаи сеюми бино меҳмонхона низ бунёд кардааст. Баъди ба истифода додани марказ 17 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин мешаванд.

Корҳои ободонӣ дар бинои дуошёнаи Комисариати ҳарбӣ идома доранд. Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии Вазорати мудофиа мебошад.  Дар иншоот корҳои сохтмонӣ  аз моҳи марти  соли 2019 шурӯъ шуда, дар арафаи анҷом қарор доранд. Арзиши иншоот 1 миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ буда, дар раванди сохтмон 20 кас ба кор ҷалб шуданд. Дар саҳни ҳавлии комиссариат фаввора ва айвончаҳои болопӯшида ва майдончаи варзишӣ барои машқу тамрини кормандон бунёд шудааст. Ҳоло корҳои рангуборсозӣ ва васлу насби шиору овезаҳо дар дохили бино идома дорад.

Иншооти дигаре, ки дар рӯзҳои ҷашн мавриди истифода қарор дода мешавад, ин шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ аст. Бинои сеошёнаи шуъбаи ВКД бо маблағи 5 миллиону 140 ҳазор сомонӣ қомат афрохт. Шуъба дорои 32 утоқи корӣ буда, аз китобхона, ошхона, меҳмонхонва ва дар таҳхонаи иншоот барои 100 ҷойи хоб шароит фароҳам оварда шудааст.

Ҷидду ҷаҳди сокинони ин диёри пурганҷ ба он равона гардидааст, ки тамоми нақшаю чорабиниҳои дар наздашон бударо бо сарбаландӣ анҷом дода, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷашни  муқаддаси миллиро сазовор пешвоз гиранд.

Август 18, 2020 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Дар деҳаи Мусофирони ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд 950 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд