Вилояти Суғд аз вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон 1500 тонна гандуми навъи «Безостая-100» ворид мекунад
ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Суғд аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1500 тонна гандуми навъи “Безостая-100” ворид мекунад. Ин масъала зимни сафари намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода ба вилояти Фарғона баррасӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
25-26 август бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони вилоят бо роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода ба вилояти Фарғона сафар карда, бо роҳбарияти ин вилоят дидору гуфтугӯ анҷом доданд.
«Зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти вилояти Фарғона таъкид гардид, ки Фарғона омода аст тухмии гандумро бо нархи нисбатан арзон, яъне 350 доллари ИМА барои як тонна пешниҳод намояд. Қарор шуд, ки ба вилояти Суғд 1500 тонна гандуми навъи “Безостая-100” ворид карда шавад», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.
Намояндагони вилояти Суғд ҳамчунин аз Корпоратсияи «Қӯқанд дон маҳсулотлари»-и шаҳри Фарғона боздид намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ ва воридсозии гандум ба вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.
Ёдовар бояд шуд, ки гандуми тухмии навъҳои серҳосил бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ғалла ба вилоят ворид карда мешавад.








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






