Шабонарӯзи гузашта дар сайёра беш аз 283 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд

Август 8, 2020 10:47

ДУШАНБЕ, 08.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятшавӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 283 ҳазор нафар зиёд шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, чунин маълумотро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) субҳи 8 авшуст интишор кардааст.

Ба ҳолати 10:30-и 8 август ба вақти Душанбе, дар ҷаҳон 19 546 748 сироятёфта ва 724 123 фавт ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи охир 283 009 нафар сироят ёфта, 6 448 нафар ҷон додаанд.

Дар минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ давоми шабонарӯзи охир 154 118 нафар сироят ёфта, 4 598 нафар беморон вафот кардаанд. Дар Аврупо давоми 24 соати охир шумораи гирифторон 25 473 нафар ва ҳолатҳои фавт 416 кас зиёд шуд.

Дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дарн ҷойи сеюм қарор дорад, давоми шабонарӯзи гузашта 67 863 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 999 беморон вафот кардаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 095 524. Баъдан Бразилия (2 967 064), Ҳиндустон (2 088 611), Россия (877 135), Африқои Ҷанубӣ (545 476), Мексика (469 407), Перу (463 875), Чили (368 825), Колумбия (367 196) ва Испания (361 442) ҷойгиранд.

АКС аз манобеи боз

Август 8, 2020 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон