Шоири маъруфи Афғонистон Сулаймон Лоиқ дар синни 90-солагӣ дар Олмон даргузашт
ДУШАНБЕ, 03.08.2020./АМИТ «Ховар»/. Шоири маъруфи Афғонистон Сулаймон Лоиқ рӯзи иди Қурбон, 31 июл, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Франкфурти Олмон дар синни 90-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Раззоқ Аҳмадзай, хоҳарзодаи Сулаймон Лоиқ, ба Sputnik Тоҷикистон хабар додааст.
«Лоиқ дар як ҳамлаи интиҳории ёздаҳ моҳи пеш дар Шашдараки Кобул аз тарафи рости баданаш ҷароҳати шадид бардошт ва як ангушти дасти чапи вай низ қатъ гардид. Имкони тадовии ӯ дар Кобул набуд ва ӯ як моҳ баъд ба Ҳинд мунтақил шуд. Сипас барои ҷарроҳӣ аз Ҳинд ба Олмон интиқол ёфт. Бо таваҷҷуҳ ба як вирусе, ки аз Ҳинд бо худ бурда буд, дар табобаташ мушкил пеш омад», — гуфтааст Раззоқ Аҳмадзай.
Сулаймон Лоиқ 7 октябри соли 1930 дар деҳкадаи Шарани вилояти Пактикои Афғонистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи литсейи «Ҳабибия» – и Кобул (1947), мадрасаи Пағмон (1952) ва факултаи шариат ва адабиёти Донишгоҳи Кобул (1952—1954) аст.
Ба забонҳои дарӣ (тоҷикӣ) ва пашту шеър гуфтааст. Муаллифи 12 маҷмуаи шеърӣ, аз ҷумла «Таронаҳои Ҷунгар» (1962), «Хаймаи кӯчӣ» (1976), «Сапедаи Ҳинд» (1983), «Гулҳои дӯзах» (1980, 42 шеъре, ки дар маҳбас навиштааст) ва ғайра мебошад.
Ба қавли наздиконаш, як романи манзуми ӯ ба номи «Марде аз кӯҳистон» — ро дар дарозои чиҳил соли охир навиштааст, ки ҳанӯз чоп нашудааст.
Аз ӯ ду духтар ва ду писар бар ҷо мондаанд, ки дар Олмон зиндагӣ мекунанд.
Дар назар аст, ҷанозаи Сулаймон Лоиқ дар Афғонистон ба хок супурда шавад, аммо таърихи дафни ӯ то ҳол эълон нашудааст.
«Шоири набардҳо»
Сулаймон Лоиқ бо хонаводаи маъруфи муҷаддадиҳои Афғонистон хешовандӣ дошт. Хоҳари бузургаш ҳамсари маъруфтарин чеҳраи ин хонавода Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ, аввалин Раиси ҷумҳури ҳукумати муҷоҳидин дар Кобул (1992) буд.
Аммо худи ӯ аз асосгузорон, узви Шӯрои инқилобӣ, Бюрои сиёсӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби демократики халқ – ҳизби коммунистони Афғонистон ба шумор мерафт. Замоне Вазири радио ва телевизион (1978), Вазири сарҳадот ва ақвом (1981 — 1989) ва Раиси Академияи улуми Афғонистон буд.
Сулаймон Лоиқ яке аз афроди калидии ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ (1987 – 1992) буд. Пас аз суқути режими коммунистӣ дар Кобул ӯ дар Олмон паноҳанда шуд ва пас аз ба қудрат расидани Ҳомид Карзай (2004 – 2014) ба ввтан баргашт, аммо дигарбора ба сиёсат напайваст.
Сулаймон Лоиқ дар замони Шӯравӣ бо Муҳаммад Осимӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигар нухбагони илму шеъру адабиёти Тоҷикистон равобити дӯстона ба роҳ андохта буд ва зуд – зуд ба Душанбе меомад, ё аз онҳо дар Кобул пазироӣ мекард.
Яке аз маъруфтарин намунаҳои мукотибаи ӯ бо Лоиқ Шералӣ, шоири маъруфи тоҷик, шеъри “Аз Лоиқи ғамҳо, ба Лоиқи шодиҳо” аст, ки соли 1978 аз зиндони Ҳафизуллоҳ Амин, раисҷумҳури Афғонистон (1979) навишта буд. Лоиқ Шералӣ ҳам дар посух шеъри “Шоири набардҳо” – ро навишта фиристод.
Сулаймон Лоиқ бори охир моҳи октябри соли 2015 ба Душанбе омада, бо марҳум Мӯъмин Қаноат мулоқот ва мазори Муҳаммад Осимиву Лоиқ Шералиро зиёрат кард.
«Қурбонӣ»-и Иди Қурбон
Раззоқ Аҳмадзай, хоҳарзодаи Сулаймон Лоиқ, мегӯяд, ҳарчанд ёрон ва руфақои шахсии Лоиқ дар Тоҷикистон аксаран вафот намудаанд, тасмим шудааст, ки аз ҳукумат, Иттифоқи нависандагон ва Академияи улуми Тоҷикистон барои ширкат дар маросими хоксупории ӯ даъват шавад.
“Бисёр мамнун мешавем, агар дӯстони аҳли қалам ва сиёсати сарзамини бародарони тоҷик дар ин маросим ҳузур дошта бошанд”, — гуфт Раззоқ Аҳмадзай.
Ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, ки то як ҳафтаи дигар ҷанозаи Сулаймон Лоиқро аз Олмон ба Кобул интиқол дода, ӯро дар ин шаҳр ба хок супорад. Дар робита ба маросими дафни ӯ дар Кобул як комиссияи давлатие бо сарварии Амруллоҳ Солеҳ, муовини нахусти раисҷумҳури Афғонистон ташкил шудааст.
Қиссаи зиндагии Сулаймон Лоиқ низ анҷоми шоирона дорад. Ӯ дар як шеъраш гуфтааст:
Иди Қурбон шуду ман лоиқи қурбон нашудам,
Бӯсаборон шуду ман дархӯри борон нашудам…










Дар намоишгоҳи байналмилалии Пекин нигораҳои нодири Тоҷикистонро беш аз 1 миллион нафар тамошо намуданд
Довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо адибон вохӯрӣ намуданд
Туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони меҳнати ноҳияи Кӯшониён тақдим карда шуд
Туҳфаи Пешвои миллат-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба шаҳри Левакант расид
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар маҷаллаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» фарҳангу ҳунари Тоҷикистон муаррифӣ шудааст
Ба зиёда аз 28 ҳазор хонаводаи шаҳри Бохтар китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Озмун сабқате ба манфиати ҷомеа, давлат ва миллат аст»
4 лоиҳаи ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи мерос дастгирӣ ёфт
Бахшида ба баргузории Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир шуд
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад
Аъзои ҲХДТ намоиши «Достони Сиёвуш»-и «Шоҳнома»-ро тамошо намуданд






