Суғд: раванди таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷараён дорад

Август 20, 2020 09:11

ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд раванди таълим тибқи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявию  вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19,  инчунин тавсияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ   ба роҳ монда шуда, барои ҳифзи саломатии устодону донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ андешида  мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти  раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Раиси вилояти Суғд, Раиси ситоди вилоятӣ Раҷаббой Аҳмадзода оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сирояти коронавируси COVID-19 аз муассисаҳои таҳсилоти олии маркази вилоят- Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи политехникии ДТТ боздид намуда, бо раванди таълим ва риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ шинос гардид.

Роҳбарияти донишгоҳҳо барои пешгирӣ аз бемории коронавирус аз ҳисоби устодону донишҷӯëн навбатдоронро вобаста намуда, ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, масофаи муқарраршуда, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ҳамзамон корҳои безараргардонӣ дар муассисаҳои таълимӣ тибқи талабот сурат гирифта, пешниҳодоти идораҳои марбута дар самти тозагии бинову иншоот, санҷиши ҳамарӯзаи ҳарорати бадани устодону донишҷӯён, захираи маҳлулу маводи безараркунанда пурра риоя мегардад.

Раиси вилоят донишҷӯёнро даъват намуд, ки қоидаву тавсияҳои муқарраршударо ба таври ҳатмӣ риоя намоянд ва барои таъмини саломатии худу атрофиён масъулияти бештар эҳсос намоянд. Инчунин аз ҷониби раиси вилоят ба донишкадаву донишгоҳҳо якчанд номгӯй китобҳои тозанашр, маҳлулҳои безараркунанда ва ниқобу маводи антисептикӣ туҳфа карда шуд.

Август 20, 2020 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад