Субҳи имрӯз ворисони Сино дар пояи муҷассамаи ин табиби ҳозиқ гулчанбар гузоштанд

Август 18, 2020 08:47

ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи кормандони тиб дар пояи муҷассамаи табиби машҳури давру замон Абуалӣ ибни Сино дар пойтахти мамлакат маросими гулчанбаргузорӣ барпо гардид. Дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат ва меҳмонон иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба зодрӯзи  Абӯалӣ ибни Сино рост омадани Рӯзи касбии  кормандони тибби Тоҷикистон рамзӣ буда, дар чунин рӯзи таърихӣ таҷлил намудани  иди касбии хеш кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бори дигар водор месозад, ки ворисони арзандаи ин табиби ҳозиқ бошанд ва баҳри солимии мардуми тоҷик кӯшишу талош намоянд.

Абуалӣ ибни Сино 18 августи соли 980 дар оилаи тоҷик ба дунё омада, дар ҷаҳон олим ва адиби пурмаҳсултарин эътироф гаштааст. Пажӯҳишгароне, ки ба омӯзиши  ҳаёту фаъолияти  ин нобиғаи соҳаи тиб машғуланд, бар он назаранд, ки Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 рисолаи илмӣ таълиф намудааст. Аз ин теъдод то замони мо танҳо 274 рисолаи илмӣ маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан 150 рисола дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои он ба илми тиб мансуб мебошанд.  Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои «Ал-Шифо» ва «Ал-Қонун фит-тиб» мебошанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то асри ХIХ истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ  ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ саҳми ниҳоят арзишманд гузоштааст. Аз ин ҷост, ки  ӯро дар олам чун пешоҳанги тибу фармакологияи клиникӣ ва бо номи Авитсенна мешиносанд.

Август 18, 2020 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд