МАРҲАБО БА ГАНҶИНАИ ГАРОНБАҲОИ МИЛЛАТ! 1-3 сентябр дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад

Август 31, 2020 16:04

ДУШАНБЕ, 31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи китоб ва Рӯзи истиқлолияти давлатӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»  аз 1 то 3 сентябр Рӯзи дарҳои боз баргузор карда мешавад.

Дар Рӯзи дарҳои боз кормандони масъули Китобхонаи миллӣ  тамоми меҳмонону хонандагонеро, ки ба  ин боргоҳи маърифат  меоянд, ба толорҳои хониш раҳнамоӣ намуда, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд, бо намудҳои хизматрасониҳои ройгону шартномавӣ дар китобхона шинос карда,  роҷеъ ба таърихи ин ганҷинаи пурғановати меҳан иттилоъ медиҳанд.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 3 толори намоишгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар фонди онҳо китобҳои нодир, дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ, толори намоиши китобҳои даврони истиқлол  ва дигар маводи гаронбаҳои таърихии меҳан ба намоиш гузошта шудаанд. Ба меҳмонону сайёҳоне, ки дар ин рӯзҳо ба Китобхонаи миллӣ меоянд, оид ба фонди тиллоӣ ва маводи пурқимати  гаронбаҳои он-хазинаи китобҳо маълумоти муфассал дода мешавад.

Дар ин рӯзҳо ташкил ва баргузории намоишҳои китобӣ ба назар гирифта шуда, китобҳои тозанашри ҷумҳурӣ ва китобҳое, ки аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ба маърази дид гузошта мешаванд. Ҳамзамон аз ҷониби шуъбаи матбуоти даврии китобхона рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашре, ки дар саҳифаҳои онҳо мавзӯъҳои истиқлол, китобу китобдорӣ инъикос шудаанд, ба намоиш гузошта мешаванд.

Мақсад аз баргузории Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва  китобхонӣ аст. Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар саросари Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҳанӯз 12 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад».

Август 31, 2020 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд