ЗАХИРАИ ЗИМИСТОН-РОҲАТИ ҶОН. Аҳли оилаи Муҳаммадшоҳ Эмомов дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо истифода аз мавсими ғуну чини ҳосил дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аҳли оилаи Муҳаммадшоҳ Эмомов чун дигар сокинони мамлакат барои давраи зимистон омодагӣ мебинанд. Оилаи Эмомовҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистон ба таври кофӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла гандум, равған, шолӣ, лӯбиё, мош, картошка, пиёз, сирпиёз, сабзиву гӯшти қоқ захира намудаанд. Аъзои ин оила ҳамзамон аз дастранҷи деҳқонии худ маҳсулоти консервагӣ низ тайёр намуда истодаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар деҳаи Тоҷикобод аз манзили истиқоматии Муҳаммадшоҳ Эмомов боздид намуд. Раиси вилоят аснои боздид таҷрибаи ин оиларо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, ба Муҳаммадшоҳ Эмомов туҳфаи хотиравӣ тақдим кард.
Таъкид карда шуд, ки бояд ҳар оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор зарурӣ захира намояд.










Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






