22 сентябр дар Институти забон ва адабиёт Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 22.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.
Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пагоҳ, соати 10:00, дар толори Институти мазкур солонаи Рӯдакӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои котиби илмии Институт Шамсиддин Муҳаммадиев, бинобар сабаби пандемияи КОВИД-19 ҳамоиши илмӣ дар шакли маҳдуд баргузор карда мешавад. Дар ҷамъомади тантанавӣ олимон ва рӯдакишиносони Институт перомуни рӯзгор, вазни ашъор ва аҳамияти осори устод Рӯдакӣ маърӯзаҳои илмӣ мекунанд.
Имсол соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда шудааст. Дар ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу нимпайкараҳои Абӯабдулло Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона ва маҳфили шеърхонӣ, дар донишгоҳҳои филологии мамлакат, муаасисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, мизҳои гирд ва ҷаласаҳо доир мегарданд.
Соли 2008 бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз тарафи ЮНЕСКО 1150 – солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ба ин муносибат дар Боғи ба номи Рўдакӣ дар радифи пайкараи асосгузори нахустин давлати миллии тоҷикон — Сомониён — Исмоили Сомонӣ гузоштани муҷассамаи шоир далели қадрдонӣ ва эҳтироми халқу давлат ва Сарвари давлат ба фарзанди арзандаи хеш мебошад.








«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






