ҲХДТ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд

Сентябрь 3, 2020 13:25

ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Кохи Борбад Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон, аъзои Раёсат, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як зумра сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.

Раиси дастгоҳи ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар анҷуман аз тарафи вакили Анҷуман Зубайда Шарипова, директори мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид, ки он аз ҷониби ҳамаи  вакилони Анҷумани XIV якдилона ҷонибдорӣ ёфт. Инчунин Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, собиқадори ҳизб, Абдумубин Абдушукуров, директори корхонаи саноатии “ЗиревЭко”-и шаҳри Хуҷанд, Гулбарг Боқиева, роҳбари Маркази ҳунармандии “Чирадаст”- и ноҳияи Мӯъминобод, Гулнора Тайғунова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, Саидбек Мирзомиддинов, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия (тариқи онлайн) ва дигарон изҳори назар карда, пешбарӣ гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Дар анҷуман муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо пешниҳоди далелҳои мушаххас таъкид намуд, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомшуда ҳамаи нишондиҳандаҳои барномаи номзад ба мансаби Президенти мамлакат аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои 7 сол, ки дар соли 2013 пешбинӣ шуда буд, дар маҷмӯъ иҷро гардиданд.

Зикр гардид, ки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Интихобот бо барномаи ҷадид, ки фарогири ҳама самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аст, ворид мегардад. Барномаи пешазинтихоботии номзади пешбаринамуда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаро фаро мегирад. Аз тарафи А. Азизӣ махсус таъкид шуд, ки номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иҷрои барномаи пешазинтихоботии худ се имконияти ҷиддӣ дорад: якум — таҷрибаи бузурги сиёсӣ; дуюм — собиқаи амалии идоракунӣ ва сеюм — неруи бузурги кадрӣ ва ҷонибдорони зиёди мавқеи ҳизб.

Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 494 ҳазор нафар аъзо дорад. Аз ин шумора 48 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 37 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2020 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода