Таъини Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал
ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Президенти Фонди байналмиллалии наҷоти Арал — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъин гардид.