3 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ғолиби даври ноҳиявии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ноҳиявии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардида, 3 нафар донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Тавре аз донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, донишҷўи курси дуюми шуъбаи рўзноманигори телевизион Мадина Зоирова, донишҷўи курси сеюми шуъбаи китобдорӣ Назира Доруева ва донишҷўи курси сеюми шуъбаи рўзноманигори телевизион Умедҷон Юнусалиев аз рўи номинатсияҳои адабиёти муосир ва адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардиданд.
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ ғолибонро табрик намуда, гуфт, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва такмили захираи луғавӣ миёни аҳолии мамлакат доир мегардад.
-Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ афзун мегардонад. Зеро китоб сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» мебошад. Дарвоқеъ, таърихи китобдории тоҷик аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст,- гуфт Муҳриддин Низомӣ.
Дар анҷом ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва мукофотпулии раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада сарфароз гардиданд.








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд






