Суҳроб Воҳидов: Ҳамасола дар ҷаҳон қариб 5 миллион нафар аз бемориҳои ба тамокукашӣ алоқаманд мефавтанд
ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон ҳамасола аз бемориҳои ба тамокукашӣ алоқаманд қариб 5 миллион нафар одамон мефавтанд. Ҳангоми нигоҳдории чунин тамоюл то соли 2030 фавт аз тамокукашӣ то ба 10 миллион нафар меафзояд,- гуфт сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Воҳидов зимни ҳамоиш оид ба маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку, ки 22 сентябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе плаза» доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Суҳроб Воҳидов ҳамзамон гуфт, ки «фавти аз ҳама бештар дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ пешгӯӣ шуда, вусъати имрӯза ва ояндаи эпидемияи никотинӣ дар тамоми ҷаҳон аз зарурати қабули чораҳои байналмилалии мубориза бар зидди тамокукашӣ шаҳодат медиҳад».
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» соли 2018 пас аз боздид ва бо назардошти дохил шудани мамлакат ба Конвенсияи мубориза алайҳи тамокуи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд.
«Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку якчанд чораҳои муҳим рӯи кор гирифтааст, ки барнома ва ҳуҷҷатҳои дар ин самт қабулгардида далели ин гуфтаҳо мебошанд»,- зикр намуд намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, тамокукашӣ яке аз сабабҳои асосии гирифторӣ ба ҳар гуна беморӣ ва фавти аҳолӣ ба шумор рафта, сабаби нигаронии ташкилоти байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.








Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»






