Аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон»-и вилояти Суғд номзадии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти ҶТ дастгирӣ намуданд

Сентябрь 17, 2020 17:32

ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар толори китобхонаи ба номи «Тошхӯҷа Асирӣ»-и шаҳри Хуҷанд аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон»-и вилояти Суғд бахшида ба муҳимтарин маъракаи сиёсии сол – интихоботи президентӣ,   дастгирии номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҳкум сохтани  фаъолияти ТТЭ ҲНИ анҷуман доир намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 100 нафар адибон, рӯзноманигорон ва намояндагони дигар ҷамъиятҳо иштирок ва суханронӣ карданд.

Иштироккунандагон, аз ҷумла раиси маркази «Маркази маънавиёт ва маърифати   ӯзбекон»-и вилояти Суғд Илҳом Юсупов, узви Ҷамъияти дӯстӣ Нодирҷон Солиҷонов, шоир ва рӯзноманигор Султонмурод Ҳоҷибоев, фаъолони марказ Ҷамшед Пиримов, Олимҷон Ҷоробоев ва дигарон дар мавзӯъҳои пешбарӣ гардидани номзадии Пешвои миллат ба интихоботи президентӣ ва дастгирии фаъолони маркази ӯзбекон, оиди интихобот, оид ба мушкилиҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот дар кишвар, қатлу куштори зиёиён аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хиёнатҳои онҳо ва ғайра  суханронӣ намуданд.

Сентябрь 17, 2020 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон