«БА САДОИ НАЙ ГӮШ БИДЕҲ …». Дар ин рӯз 21 сол қабл қадимтарин асбоби мусиқии ҷаҳон ёфт шуда буд
ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯз, 23 сентябри соли 1999 эълон шуда буд, ки қадимтарин асбоби мусиқӣ дар ҷаҳон — най, ки 9000 сол таърих дорад, дар Чин ёфт шудааст. Ин намуд найҳо маъмулан аз устухони боли парандаи калон сохта мешуданд ва ба асбоби тӯлӣ ё арзии дорои сӯрохиҳо барои ангуштҳо мансуб буданд, менависад мухбири АМИТ «Ховар».
Най яке аз қадимтарин асбоби мусиқӣ ба ҳисоб меравад ва таърихи он хеле пеш аз даврони мо оғоз шудааст. Навъҳои он дар байни халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна густариш ёфта буданд.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, бори аввал най дар Форси қадим пайдо шудааст ва баъдан дар байни халқҳои дигар, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ зери таъсири фарҳанги мусиқии форсӣ қарор доштанд, паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон най асбоби халқиест, ки намуди зоҳирӣ ва сохтори аввалаи худро нигоҳ доштааст.
Абдулқодири Мароқӣ, олим ва мусиқишиноси форс, ки дар асрҳои XIV-XV зиндагӣ кардааст, дар асари худ «Мақосид ал-Алҳон» дар бораи ду навъи най, ки дар он замон вуҷуд дошт — «найи сафед» ва «найи сиёҳ» иттилоъ додааст.
Онҳоро аз найи (қамиши) сафед месохтанд ва андозаҳои гуногун доштанд. Дар тарафи пеши он 5 сӯрохӣ ва дар паси он як сӯрохӣ мавҷуд аст. Дарозии онҳо — 550-600 мм, қутрашон — 20 мм мебошад. Фосилаи садоҳои онҳо аз «до» -и октаваи аввал то «сол диез» -и октаваи дуюмро фаро мегирад.
Ҷадвали қатори садоҳои хроматикӣ ҳангоми дамидан ба нӯги болоии най ҳосил мешавад ва дар ин вақт сӯрохиҳои он бо ангуштони дасти рост ва чап кушода ё пӯшида мешаванд (пурра ё қисман). Ҳангоми навохтани «найи сафед» мутриб тавассути найчаи мисини борик, ки дар нӯги асбоб насб шудааст ва ё бо дандонҳои пеши болоӣ ва поёнӣ нигоҳ дошта мешавад, бо кумаки забон ва лабҳо дар най медамад ва аз асбоб садо бармехезад.
Дар он мақомҳо, сурудҳо ва дигар асарҳои мусиқиро навохтан мумкин аст. Ногуфта намонад, ки най дар системаи асбоби мусиқии «Шашмақом» — мероси фарҳангии тоҷикон, ки дар давраи пеш аз ислом ҳамчун мусиқии дарборӣ пайдо шуда буд, ҷойгоҳи муҳим дорад. Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин шоҳкори мусиқӣ чунин гуфта буданд:
«Шашмақом — таърихи пурмазмун бо садоҳо ва калимаҳо ва мукаммалтарин таҷассумгари эҳсосоти олитарин, умед ва орзуҳои наҷиби ниёкони мост».
Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ), шоир — сӯфии барҷастаи тоҷику форс, ифтихори халқи тоҷик, ки дар қаламрави Вахши имрӯза ба дунё омадаст ва дар Қунияи Туркия дафн шудааст, дар «Найнома» -и машҳури худ аз “Китоб-ал-Маснавӣ” чунин нигоштааст:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ…
Дар айни замон дар Тоҷикистон асбоби мусиқии зерин маъмуланд:
Қӯшнай — ин асбоб аз ду найчаи қамишии ба ҳам пайвасти дорои андозаи баробар иборат аст. Дар охири ҳар найча сӯрохиҳо мавҷуд мебошанд;
Буламан — асбоби дорои шакли силиндрӣ мебошад. Баданаи он аз ғӯлачӯби зардолу ё тут тарошида мешавад. Дар қисмати болоии силиндр найчаи қамишии забончааш буридашуда гузошта мешавад;
Най — аз як порчаи мукаммали бамбук ва дигар намудҳои чӯб ва биринҷӣ сохта сохта мешавад;
Сурнай — аз ғӯлачӯби дарахтҳои зардолу, тут, баъзан аз чинор тарошида мешавад. Он шакли конусӣ дорад ва охираш васеъ мебошад;
Карнай — бадани асбоб шакли лӯлаи дарози силиндрӣ дорад ва аз биринҷӣ ё мис сохта мешавад, қисмати охираш шакли зангӯла дорад.








Китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» муаррифӣ карда шуданд
ПАЁМ-МУЖДА АЗ ШУКУФОӢ ВА ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА. Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид
Асари «Абармарди таърихсоз» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Адибони тоҷик дар Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 иштирок намуданд
Намояндаи Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Дар Душанбе ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад






