Бо муътадил шудани вазъияти эпидемикӣ ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Франсия ба Душанбе меояд
ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Франсия ҳамкориро дар бахши соҳибкорию сармоягузорӣ тақвият мебахшанд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Франсия, ки тариқи фосилавӣ доир гардид, матраҳ шуд.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади пайгирии натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия, ки зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Франсия моҳи ноябри соли 2019 доир гардида буд, анҷом дода шуд.
Дар ҷаласаи фосилавӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Франсия (МЕДЕФ) баргузор гардид, роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия ва Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши хусусии ҳарду давлат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Франсия аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорони Франсия рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, аз онҳо барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Франсия захираҳои бойи табиии Тоҷикистон, аз қабили об, сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, парвариши меваҳои баландсифат, сабзавот ва пахта муаррифӣ гардид.
Роҳбари Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Франсия иброз намуд, ки баробари ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ вобаста ба пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон омода аст ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Франсияро ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои соҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намояд.
Видеоконфронс дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мубодилаи хубу доманадори афкор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.








Сарвазири Гурҷистон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуд
Дар Бишкек масъалаи татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Русия + Осиёи Марказӣ» баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои «CASA-1000» ва «REMIT»-ро дар Бишкек баррасӣ намуданд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» беш аз 200 ширкати ватанӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон низоми муосири электронии мубодилаи сертификатҳои фитосанитарӣ татбиқ мегардад
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2026 баргузор шуд
Истифодаи оқилонаи захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бо намояндагони СММ баррасӣ шуд
Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад






