Бонки ҷаҳонӣ муҳлати барқароршавии иқтисоди ҷаҳонро пас аз буҳрон арзёбӣ кард

Сентябрь 19, 2020 11:46

ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барқароршавии иқтисоди ҷаҳон аз буҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омад, метавонад то панҷ солро дар бар гирад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Рейтер иттилоъ медиҳад, дар ин бора сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ Кармен Рейнхарт изҳор дошт.

«Эҳтимол, дар пасманзари лағви ҳама чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба карантин ҷаҳиши фаврӣ ба амал ояд, аммо барқароршавии пурра то панҷ солро дар бар хоҳад гирифт», — иқтибос овардааст Рейтер аз иқтисодчӣ.

Ҳамзамон Рейнхарт интизор дорад, ки пас аз буҳрон сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон бори аввал дар 20 соли охир боло хоҳад рафт.

Ба гуфтаи иқтисодчӣ, буҳроне, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, нобаробариро дар ҷаҳон афзоиш хоҳад дод, «зеро табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз буҳрон дар кишварҳои сарватманд аз ҳама сахттар зарар мебинанд ва кишварҳои камбизоат нисбат ба сарватманд бештар хисорот хоҳанд дид», — менависад Арменпресс бо истинод ба РИА Новости.

Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст.

11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард. Тибқи маълумоти охирини СУТ, дар ҷаҳон зиёда аз 29,1 миллион ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, беш аз 926 ҳазор нафар фавтидаанд.

Сентябрь 19, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид