COVID-19. Дар ноҳияи Қубодиён маҷмааи бисёрсоҳаи тиббӣ ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ сохта мешавад

Сентябрь 17, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Муоҳадаи байнидавлатӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси навъи COVID-19 ва расонидани ёриҳои тиббӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сохтмони маҷмааи бисёрсоҳаи тиббӣ ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ идома дорад.  Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Барои дар муҳлати муайяншуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ гурӯҳи меъморону бинокорон  аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷалб шудаанд.

Ҳоло барои фароҳам овардани шароит ба сохтмончиён бо талоши наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҳисоби воситаҳои моддии  вилоят  як шаҳраки иборат аз 55 хайма сохта шуд.

Сентябрь 17, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид