Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон варзишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
ХОРУҒ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон варзишгоҳи муосир ба истифода дода шуд. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони деҳа имкон пайдо карданд, ки минбаъд дар он ба бозиҳои дӯстдошта машғул шаванд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар ин вилоят хабар медиҳад, дар варзишгоҳ барои машқ ва мусобиқа аз намудҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд, давидан ба масофаи кӯтоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи мазкур Акимбек Акимбеков гуфт, ки “ин варзишгоҳ дар наздикии бинои таълимгоҳ воқеъ аст. Дар мувофиқа бо бахши ҷавонон ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то нисфирӯзӣ хонандагони таълимгоҳ дар ин варзишгоҳ дарси тарбияи ҷисмонӣ мегузаронанд ва пас аз анҷоми дарс он дар ихтиёри ҷавонони деҳа гузошта мешавад”.
Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯсталиев гуфт, ки “Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд равона месозад ва инро мо дар ноҳияи худ низ мушоҳида мекунем. Танҳо дар се соли охир се варзишгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Барои бунёди ин варзишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 650 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Ҳоло сохтмони майдони футбол дар маркази ноҳия барои 6 ҳазор ҷои нишаст идома дошта, дар назар асст, ки дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад”.
Дар ин рӯз бинои Хонаи фарҳанги деҳа низ пас таъмиру таҷдид дари худро ба рӯи сокинон боз намуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






