Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ доир гардид

Сентябрь 2, 2020 17:41

ДУШАНБЕ, 02.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Комиссия доир гардид.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ Қоҳир Расулзода дар оғози ҷаласа зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ новобаста аз вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 бори аввал барӯйхатгирии аҳолӣ, соли 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро гузаронид. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», ки 19 майи соли 2009   қабул шудааст, ин маърака дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад.

Дар ҷумҳурӣ  барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 гузаронида мешавад. Корҳои тайёрӣ барои гузаронидани ин маъракаи муҳим  мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» оғоз гардида буданд.

Агентии омори назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидани ин маъракаи муҳим «Барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2020»-ро тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо назардошти тавсияҳо омода намуд.

Зимни гузарондани барӯйхатгириҳои аҳолӣ ва фонди манзил на танҳо оид ба шумораи аҳолии  мамлакат, инчунин  дар бораи суръати афзоиши аҳолӣ, таносуби гурӯҳҳои он  аз рӯи ҷинсият,  синну сол,  нишондиҳандаҳои таваллуду фавт, шуғл, сатҳи маълумот  ва ғайра ахбори  муфид ба даст меояд.

Директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода

Сипас директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар бораи тартиби гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Интернет-пурсиш ва ба воситаи планшет гузориш дод.

Гуфта шуд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ мақомоти омори давлатӣ аз се усул — Интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода менамояд. Барои истифодаи ҳар се усул корҳои омодагӣ ба анҷом расида истодаанд.

Роҳандозии истифодаи технологияи муосири компютерӣ, Интернет ва планшет дар барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Таҷрибаи давлатҳое, ки аллакай барӯйхатгириро дар қаламрави ИДМ (аз ҷумла Ҷумҳурии Беларус) гузарониданд, шаҳодати он аст, ки барои кам кардани хароҷоти ин чорабинии муҳими сиёсӣ тавассути ҳамоҳангии вазорату идораҳо бо истифода аз сомонаи мақомоти омори миллӣ, имконияти аз баруйхатгирӣ гузаштани ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва кормандони зертобеи вазорату идораҳо, кормандони низоми тандурустӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин корхонаҳои азими саноатӣҷой дорад.

Зеро ҳамаи технологияҳои зарурии иттилоотию коммуникатсионӣ, аз қабили компютер ва Интернет дар ин ниҳодҳои давлатӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ мавҷуд аст ва танҳо бо ворид шудан ба сомонаи махсуси Агентии омор ва аз қайди зарурӣ гузаштани масъулини муайяннамудаи ин мақомот дастрасӣ ба онҳо дода мешавад.

Пешниҳод гардид, ки вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ҷиҳати аз баруйхатгирӣ тавассути Интернет гузаштани кормандон мусоидат намоянд. Зарур шумориданд, ки дар ҳар як вазорату идора ҳуҷраи махсус – терминал бо дастрасӣ ба Интернет таъсис дода шавад. Дар ин ҷода кормандони мақомоти омори давлатӣ омода ҳастанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар вазорату идораҳо ба роҳ монанд.

Барои баргузории барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бо истифодаи ҳамаи усулҳои зикршуда мусоидати хамаҷонибаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот зарур аст.

Дар айни замон ба мисли дигар мамлакатҳои ИДМ дар ҷумҳурии мо низ паҳншавии бемории КОВИД-19 идома дорад ва албатта ҳангоми гузаронидани семинарҳои омўзишӣ барои кормандони муваққатӣ дастурҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ ба таври қатъӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар охири ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ Қоҳир Расулзода ба аъзои комиссия ҷихати дар сатҳи баланд   гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сентябрь 2, 2020 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин