Дар Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират таъсис дода мешавад

Сентябрь 29, 2020 14:15

ДУШАНБЕ, 29.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо Директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) Михаел Шпиделеггер Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки дар асоси ин санад дар шаҳри Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират (Migrant Recourse Centre) таъсис дода мешавад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи Ёддошти тафоҳуми мазкур, барои самаранокии идоракунии муҳоҷират, такмили минбаъдаи сиёсати миллии муҳоҷират, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии инфиродӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафари онҳо ба хориҷи мамлакат ва баъди бозгашт ба Ватан, баргузор намудани семинарҳои омӯзишию тренингҳо барои  кормандони  сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳал оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо ва тақвияти фаъолияти мақомоти муҳоҷират, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, ташкили машварату ҷамъомадҳои сайёр дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва омӯзиши қонунгузории давлатҳои қабулкунанда  ҷиҳати  ба роҳ мондани муҳоҷирати қонунӣ баргузории чорабиниҳо дар назар аст.

Бояд тазаккур дод, ки МБРСМ ҳамчун ташкилоти махсуси байналмилалӣ 1 майи соли 1993 дар шаҳри Вена таъсис ёфта, айни ҳол зиёда аз 50 давлати Аврупо ва кишварҳои Роҳи абрешим, инчунин 10 ташкилоти байналмилалӣ иштирокчиёни он мебошанд.  Фаъолияти МБРСМ  ба таҳияи системаҳои ҳамаҷониба  барои  таъмини муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ дар кишварҳои аъзо  равона шуда, бунёди дарозмуддати  ҳамкории шарикиро дар ин самт бо кишварҳои Аврупо ва давлатҳои Роҳи абрешим амалӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2003 инҷониб ба Маркази байналмилалии мазкур шомил гардида, намояндагони сатҳи гуногуни соҳаи муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар ҷаласаҳо ва дигар барномаҳои он фаъолона иштирок доранд, ки ин ба рушди сиёсати муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Сентябрь 29, 2020 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад