Дар Душанбе таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 10 сентябр бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо иштироки ҷавонони қишрҳои гуногуни ҷомеа таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Абдулло Раҳмонзода ва дигар намояндагони фаъол иштирок намуда, доир ба маъракаи муҳими дарпешистода, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, ки 11 октябр баргузор мегардад, изҳори андеша намуданд.
«Интихоботи дарпешистода яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии мамлакати мо маҳсуб шуда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд барои иштироки фаъолона дар он талош намояд. Зеро мо бояд барои ҳафт соли минбаъда шахсеро ба ин мансаби пурмасъул интихоб намоем, ки тавонад барои мардуми кишвар зиндагии шоистаро таъмин намуда, баҳри шукуфоии аз ин беши сарзамин чаҳду талош намояд. Шахсияте бошад, ки мардум ба ӯ эътимоду боварӣ дошта бошанд ва тавонад обрӯву мартабаи миллатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардорад. Бо назардошти ҳамин омилҳо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд, ки якдилона ҷонибдори онем»,- иброз дошт Абдулло Раҳмонзода.
Дар ҳамоиш узви Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, гирандаи стипендияи дукаратаи президентӣ Фарзона Восиева ва дигар ҷавонони фаъол низ иброз намуданд, ки «мо талош меварзем дар татбиқи ғояҳои низоми давлатдорӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат мушаххас гардидаанд, саҳм гузошта, иштироки сазовори ҷавононро дар равандҳои бунёдкоронаи ҷомеаи мамлакат таъмин намоем».
Дар охири ҳамоиш иштирокдорон ҷиҳати ҷонибдорӣ аз номзади Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки онҳо ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистонро танҳо бо Эмомалӣ Раҳмон мебинанд.








Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






