Дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат корхонаи сангтарошии «Чилтан» ба фаъолият шурӯъ кард

Сентябрь 21, 2020 10:15

ДУШАНБЕ, 21.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумъазода иншооти  гуногун ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ карор дода шуданд.

Аз ҷумла, корхонаи сангтарошии «Чилтан» дар деҳаи Хоҷачилдиёри болои деҳоти Мирзо Ризо, корхонаи обҳои ташнагишикани «Мужда ЛТД»,  маркази саломатию варзишӣ, корхонаи «Қоғази Шарора», корхонаи истеҳсоли саноатии «Анас Одина»,  майдончаи варзишӣ дар деҳаи Шӯроби Афғони деҳоти Сомон, маркази савдо, сехи дӯзандагӣ ва дорухона  дар деҳаи Дучинораи деҳоти Сомон,  пули мошингузар дар деҳаи Хирманаки деҳоти Сомон, корхонаи парандапарварӣ дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҳасиби Ҳисор» дар деҳаи Файзбахши деҳоти Навобод, майдончаи варзишӣ  дар маҳаллаи ҳаштуми шаҳраки Ҳисор, бинои иловагӣ иборат аз чор синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №80, воқеъ дар деҳаи Иттифоқи деҳоти Ҳисор,  бинои иловагӣ иборат аз чор синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76, воқеъ дар маҳаллаи Соҳибдилони шаҳраки Шарора, бинои якуми корхонаи парандапарварӣ дар маҳаллаи Сафобахши шаҳраки Шарора аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки ба истифода дода шуданд.

Дар бунёди иншооти таъйиноташон гуногун, ки баробари ба истифода додани онҳо беш аз 300 ҷойи нави кор  фароҳам оварда шуд,  соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешша саҳми назаррас гузоштаанд.

Омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар мамлакат табдил гардида, ба ифтихори таҷлили ин санаи фархунда дар тамоми шаҳру навоҳии  мамлакат раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ бо суръат идома дорад.

Ба истифода додани  корхонаю марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳри Ҳисор дар ҳолест, ки 18 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои истиқоматии баландошёна ва сехи дӯзандагӣ, муассисаи таълимии томактабӣ барои 250 кӯдак, маркази хизматрасонии «Ҳисор Плаза», корхонаи коркарди ҷуворимакка, корхонаи коркарди шир ва боғи зимистонаи «Шаршара» мавриди истифода қарор дода шуданд.

Сентябрь 21, 2020 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад