Дар МОИ «Кӯлоб» Маркази рушди истеъдодҳои ҷавонон ва мусоидат ба содироти маҳсулоти сайёҳӣ бунёд мешавад

Сентябрь 28, 2020 10:04

ДУШАНБЕ, 25.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази рушди истеъдодҳои ҷавонон ва мусоидат ба содироти маҳсулоти сайёҳӣ тавассути МОИ «Кӯлоб» бунёд мешавад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини МОИ «Кӯлоб» иттилоъ доданд, бо ин мақсад бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкории зич бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо дастгирии молиявии Барномаи рушди СММ лоиҳаи бунёди Маркази рушди истеъдодҳои ҷавонон ва мусоидат ба содироти маҳсулоти сайёҳӣ тавассути МОИ «Кӯлоб» тарҳрезӣ гардидааст, ки рӯзҳои наздик тибқи тартиби муқарраргардида, ба воситаи Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута ба шарикони рушд барои дарёфти сармоягузорӣ пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи бунёди марказ бо тарзи замонавӣ ва санъати миллӣ омода гардидааст. Иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхонаи он бунёди ошхона барои 40 ҷой ва ҳаммом, дар ошёнаи якум утоқҳои чакандӯзӣ (барои 15 ҷой), кулолгарӣ (7 ҷой), заргарӣ (8 ҷой), кандакорӣ (8 ҷой,) маҷлисгоҳ  (11 ҷой), утоқи корӣ ва дар ошёнаи дуюм марказҳои тренингӣ (30 ҷой) ва нашриёт (полиграфия- 4D) дар назар аст.

Чанде пеш Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода аз мавзеи ҷойгиршавии МОИ «Кӯлоб» боздид намуд.

Ҳадафи асосии боздид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири мамлакат вобаста ба бунёд намудани марказҳои нави омӯзишӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва содироти он ва ба ин васила ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ тавассути истифодаи васеи имтиёзҳои андозию  гумрукии  МОИ  «Кӯлоб»  маҳсуб меёбад.

Зимни боздид иброз гардид, ки дар шароити зудтағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, паҳншавии бемориҳои сироятии КОВИД-19 ва болоравии сатҳи бекорӣ дар тамоми ҷаҳон бо истифода аз имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат бояд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар дохили ҷумҳурӣ диққати махсус дода шавад. Дар навбати худ татбиқи амалии лоиҳаи мазкур метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани шиддати иҷтимоии аҳолӣ, хусусан дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақа мусоидат намояд.

Сентябрь 28, 2020 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд