Дар «Шахтаи Фон-Яғноб» истихроҷи ангишт ба 545 ҳазор тонна расонида шуд

Сентябрь 1, 2020 10:33

ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб»-и вилояти Суғд  истихроҷи ангиштро ба 545 ҳазор тонна расонид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 5400 тонна зиёд мебошад.

Дар ин бора  зимни ҷамъомад дар Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» -и ноҳияи Айнӣ бахшида ба Иди касбии кормандони соҳаи ангишт, ки  ҳамасола якшанбеи охири моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, иттилоъ дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад роҳбарияти ноҳия, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Содиқҷон Рустамӣ, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти Тоҷик» Сайфиддин Аслиддинзода ва кормандони соҳаи ангишт дар ноҳияи Айнӣ иштирок доштанд.

Зикр карда шуд, ки кормандони корхона минбаъд низ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошта сарбаландона баромада, дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши назаррас гузошта, бо дарки масъулияти баланд ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.

Меҳмонон ҳамзамон аз сехи дӯзандагӣ ва маҷмааи варзишӣ дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» як коргоҳи дӯзандагӣ, толори варзишӣ ва майдончаи фароғатӣ бо 20 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуда, дар арафаи Иди касбии ангиштканон мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти мазкур ба тарзи замонавӣ сохта шуда, сехи дӯзандагӣ ва маҷмааи варзишӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин карда шудаанд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2020 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд