Дар Тоҷикобод ҷиҳати сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши тарғиботӣ гузаронида шуд

Сентябрь 24, 2020 13:42

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.   23 сентябр дар ноҳияи Тоҷикобод барои  сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамоиши тарғиботию омодагӣ ва ҳамзамон дар бинои фарҳанг мулоқоти роҳбарони ноҳия бо ҷавонони синни даъватии солҳои таваллуди 1994-2003 доир гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ медиҳад.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зикр намуд, ки «хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳифзи марзу бум барои ҷавонон вазифаи муқаддас аст. Ҷавонон бояд ин муқаддасотро мисли гавҳараки чашм нигоҳ доранду барои ҳифзаш ҳамеша омода бошанд».

Мавсуф иброз дошт, ки имрӯзҳо ҷавонони ноҳия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд адои хизмат менамоянд. Ин аст, ки аксари онҳо сазовори ҳурмату эҳтироми баланд гардида, бо медал ва Раҳматномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.

Инчунин ба ҳамаи падарону модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки чунин фарзандони боғуруру ватандӯстро бо меҳру муҳаббати самимӣ тарбия намудаанд ва онҳо имрӯз бо амри дил барои хизмати Ватан-Модар ҳозир гаштаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миннатдорӣ баён гардид.

Зикр шуд, ки аз ҷониби роҳбарони ноҳия барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ҷиҳати дар оянда ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо замина фароҳам оварда шудааст. Зимни ҳамоиш ба ҷавонон барои  ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудану ихтиёран азми хизмат карданашон ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

Ҷавонон дар навбати худ ваъда доданд, ки хизмати Модар –Ватанро  софдилонаю поквиҷдонона адо менамоянд.

Сипас ҷавонони даъватшуда аз муоинаи тиббӣ гузашта, шахсони солим барои  дар рӯзи аввали даъват ҳозир шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ номнавис гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соле ду маротиба маъракаи даъвати ҷавонписарони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ доир мегардад. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳо барои давраи даъвати тирамоҳӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷараён доранд.

Сентябрь 24, 2020 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд