ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд

Сентябрь 15, 2020 18:35

ДУШАНБЕ, 15.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва 1 фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 15 сентябр 9129 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7896 (86,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 73 нафар фавтидаанд.

«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 110 нафар гумонбарон қарор дошта, 43 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

 

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 15, 2020 18:35

Хабарҳои дигари ин бахш

COVID-19. Дар Тоҷикистон 68 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 78 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар бораи ваксиназанӣ бар зидди сирояти нави коронавирус мо бояд чиро донем?
Наврӯз Ҷафаров: «Ман худро ваксина кардам, шумо низ ваксина гирифта, аз беморӣ эмин монед!»
COVID-19. Дар Тоҷикистон 75 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ 50 ҳазор вояи ваксинаи «Модерна» равон намуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Имрӯз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
COVID-19. Дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
СҶТ БОЗ ТОҶИКИСТОНРО БАРОИ МУБОРИЗАИ МУВАФФАҚОНА БО ТАМОКУКАШӢ СИТОИШ КАРД. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз ҳукуматҳои ҷаҳон даъват намуд, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии сигорҳои электронӣ тадбир андешанд
COVID-19. Имрӯз ба Тоҷикистон аз Чин 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» ва сӯзандору ворид гардид
Дар шаҳру ноҳияҳҳои Тоҷикистон эмгузаронӣ бо истифода аз ваксинаи «Мoderna»-и ИМА оғоз шуд

Маводҳои таҳлилӣ