Имрӯз бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:00, дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешаванд. Дар ин давр 19 сентябр дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе, «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе бо КМВА, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, 20 сентябр «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ байни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар бозии охирини даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ хеле ҷолиб баргузор шуд. Ба голи задаи легионери ӯзбекистонии дастаи «Кӯктош» Муҳиддин Одилов бозингарон Ҷонибек Шарифов ва Ислом Зоиров аз «Локомотив-Помир» тавассути зарбаҳои нишонрас ҷавоб доданд. Пас аз ин ғалаба дастаи футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе ба ҷои ҳаштуми ҷадвали чемпионат баромад.
Чемпионати Тоҷикистон.
Лигаи олӣ.
Даври 13-ум
«Кӯктош» – «Душанбе-83» – 2:2
Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 14 (0:1). Холмурод Назаров, 44 (1:1). Мбеке Диеудони, 61 (2:1). Аъзам Муродов, 69 (2:2).
«Регар-ТадАЗ» – «Локомотив-Помир» – 0:0
«Хуҷанд» – «Файзканд» – 2:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 34 (1:0). Алишер Баротов, 47 (2:0).
«Истаравшан» – «Истиклол» – 1:2
Голҳо: Салам Ашурмамадов, 23 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 59 –пеналти (1:1). Рустам Соиров, 89 (1:2).
«Хатлон» – КМВА – 0:0
Чемпионати Тоҷикистон.
Лигаи олӣ.
Даври 14-ум
«Хуҷанд» – «Истаравшан» – 2:1
Голҳо: Дилшод Бозоров, 10 (1:0). Салам Ашурмамадов, 23 (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 54 (2:1).
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 6:1
Голҳо: Шериддин Бобоев, 5 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 9 (2:0). Шериддин Бобоев, 17 (3:0). Шериддин Бобоев, 34 (4:0). Шерзод Маҳамадиев, 48 (4:1). Шериддин Бобоев, 68 (5:1). Алишер Ҷалилов, 83 (6:1).
«Файзканд» – КМВА – 1:1
Голҳо: Анвар Муродов, 11 (1:0). Артем Гайдаш, 67 (1:1).
«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:1
Голҳо: Кароматулло Саидов, 64 (0:1). Агблей Ҷонс, 77 (1:1).
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | ТТ | Х | |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 14 | 13 | 1 | 0 | 57-7 | 40 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 14 | 9 | 2 | 3 | 23-16 | 29 |
| 3 | «Хатлон» (Бохтар) | 14 | 6 | 5 | 3 | 23-19 | 23 |
| 4 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 14 | 5 | 5 | 4 | 21-18 | 20 |
| 5 | КМВА (Душанбе) | 14 | 5 | 5 | 4 | 21-20 | 20 |
| 6 | «Душанбе-83» (Душанбе) | 14 | 4 | 4 | 6 | 16-23 | 16 |
| 7 | «Файзканд»(Восеъ) | 14 | 3 | 6 | 5 | 13-24 | 15 |
| 8 | «Локомотив-Помир» (Душанбе) | 14 | 2 | 4 | 8 | 11-22 | 10 |
| 9 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 14 | 2 | 3 | 9 | 17-33 | 9 |
| 10 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 14 | 2 | 3 | 9 | 17-37 | 9 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 гол, Шериддин Бобоев («Истиқлол») — 10 гол, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 гол, Рустам Соиров («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») ҳарду – 7 голӣ, Парвиз Баки-Ахунов («Хатлон»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) – бо 6 голӣ ва Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»), Худойдод Узоқов («Хатлон») – бо 5 голӣ.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум
19 сентябр (шанбе)
Оғози бозӣ соати 16:00
«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»
Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан
«Локомотив-Помир» – КМВА
Варзишгоҳи «Нефтяник» Рӯдакӣ
«Файзканд» – «Душанбе-83»
Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






