Инъикоси ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ВАО-и Миср

Сентябрь 10, 2020 16:25

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар баробари агентиҳои иттилоотии ҷаҳонӣ солгарди навбатии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сархати васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Арабии Миср, аз ҷумла  «Ал-ахбар-ал-явм», «Ал-мисрӣ-ал-явм», «Баладна нюс», «Шбабинил» ва «Рузалюсуф» қарор дошт.

Тавре ВАО-и мисрӣ менависанд, Тоҷикистон 9 сентябр 29-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии худро таҷлил менамояд. Истиқлолият давлатӣ, ки 29 сол пеш ба даст омад, дар таърихи Тоҷикистон падидаи сиёсиву тақдирсоз мебошад. Ин сана воқеан оғози давраи навини таърихи давлати тоҷикон ва марҳилаи нави ташаккули тафаккур ва фалсафаи идораи давлатӣ ба шумор меравад.

Ҳамзамон тазаккур дода мешавад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон офаридаи даврони истиқлолият буда, бунёдгузору наққоши асосии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо эълони «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад.

Ҳамакнун, менависанд ВАО-и мисрӣ, бо гузашти солҳо собит шуд, ки барои Тоҷикистон, ба далели ҷойгир шуданаш дар яке аз минтақаҳои мураккаби олам,  сиёсати дарҳои кушода беҳтарин равиш барои пешбурди фаъолият дар самти сиёсати хориҷист. Ин сиёсат ба маънои эъломи омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон бар асоси баробарӣ ва манфиатҳои дуҷониба аст.

Ҳамчунин ёдовар мешаванд, ки Миср яке аз аввалин кишварҳое дар ҷаҳон буд, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 1 январи соли 1992 эътироф намуд ва то имрӯз байни Миср ва Тоҷикистон 12 созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расидаанд.

Сентябрь 10, 2020 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд